Шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Ноябр 12
16:23 2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ,  омодагии онҳо ба давраи зимистон, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19  ва баррасии дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа имрӯз, 12 ноябри соли равон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Самариддин Ализода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар намуд. Ҳамзамон, дар ин сафар гурӯҳи кориро Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева низ ҳамроҳӣ мекунад.

Нахуст гурӯҳи корӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳр шинос шуд. Дар ин ҷо меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода истиқбол ва ҳамроҳӣ намуд.

Аснои боздид аз  фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент гурӯҳи корӣ бо рафти табобати беморон низ шинос шуда, доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо онҳо суҳбат намуданд.

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки гурӯҳи корӣ, намояндагони як қатор сохторҳои марбута, махсусан, роҳбарияти шаҳр, бахши ҷавонон ва варзиш, кумитаи дин,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур ҷаласаи корӣ доир гардида, дар он масъалаҳои пешгирии бемории COVID-19  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин,  аз ҷониби гурӯҳи корӣ бобати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, омодагии ҷиддӣ ба давраи зимистон, назорати беморон, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд гуфт, ки айни замон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави  COVID-19 тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки  тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд  таъмиру барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон  ба ҳукми анъана даромада, дар ин  самт аллакай корҳои назаррас   ба анҷом расонида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,036
  • 1,263
  • 842,785