Суғд: Шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ идома дорад

Суғд: Шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ идома дорад
Ноябр 13
15:43 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19  ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Самариддин Ализода  дар вилояти Суғд қарор дорад. Инчунин, дар ин сафар гурӯҳи кории вазоратро Намояндаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева низ ҳамроҳӣ мекунад.

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент, ба шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд ташриф оварда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ шинос шуд.

Инчунин, бо мақсади таҳлил ва баррасии вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19  бо иштироки гурӯҳи кории вазорат, роҳбарият ва намояндагони  як қатор сохторҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр  ҷаласаҳои корӣ доир гардид.

Зимни ҷаласаҳои корӣ таъкид гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешидаи  Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандон дар ин масъала бепарвоӣ ва хунукназарӣ ба мушоҳида мерасад. Махсусан, имрӯзҳо дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои хизматрасонӣ бозору мағозаҳо ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохурдан мумкин аст, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро риоя намекунанд.

Ҳамзамон, гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии муовини вазир Самариддин Ализода ба Маркази саломатӣ ва муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо шаҳрвандон доир ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуд.

Дар ноҳияи Ашт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд гаштҳои хонагӣ анҷом дода, бо шаҳрвандоне, ки дар қайди марказҳои саломатӣ қарор дошта, дар хона табобат мегиранд, суҳбат намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд  таъмиру барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон  ба ҳукми анъана даромада, дар ин  самт аллакай корҳои назаррас   ба анҷом расонида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 471
  • 1,263
  • 842,220