СУТ фарқи зуком ва COVID-19-ро шарҳ дод

СУТ фарқи зуком ва COVID-19-ро шарҳ дод
Ноябр 14
14:45 2020

Вирусҳои зуком ва коронавирус роҳҳои шабеҳи  интиқолёбӣ доранд ва аксар вақт аз рӯи тасвири  клиникӣ монанд мебошанд. Яке аз хусусиятҳои хоси COVID-19 гум намудани  баъзе беморон ҳисси бӯй ва маза мебошад, гарчанде ки ин нишонаҳо хоси танҳо ин беморӣ нестанд. Дар ин ҳолат, санҷиши дурусти тестӣ ҷиҳати таъмини ошкорсозӣ ва назорати самараноки зуком ва COVID-19 барои андешидани чораҳои дуруст муҳим аст. Дар ин бора намояндаи расмии СУТ Тарик Язаревич 12 ноябр ба ТАСС иброз  намуд (ДАР СУРАТ).

Тавре ки роҳбари гурӯҳи омодагӣ ва вокуниш ба зукоми СУТ Энн Моен қаблан дар як брифинг дар Женева қайд карда буд, зуком ва COVID-19 метавонанд ҳамзамон гардиш кунанд,  нишонаҳои мушобеҳ дошта бошанд ва барои ҳангоми муайян кардани ташхис хато накардан, аз санҷиши тестӣ дар озмоишгоҳҳо гузаштан зарур аст. «Ягона роҳи воқеан дақиқ муайян кардани он, ки гап дар бораи зуком меравад ё COVID-19, ин санҷиши тестӣ дар озмоишгоҳ аст», — гуфт вай. Моен илова намуд, ки ба худташхискунӣ  зарурат нест. Агар нишонаҳо мулоим бошанд ва танҳо аз атса задан бидуни  ҳарорат ё бо ҳарорати паст иборат бошанд, пас метавонед дар хона бимонед. «Аммо, агар нишонаҳо ҷиддӣ бошанд, аз ҷумла мушкилии нафаскашӣ, таби баланд, инчунин дигар нишонаҳои ҷиддии беморӣ мавҷуд бошанд, пас бояд ба духтур муроҷиат карда шавад», — таъкид кард коршинос. Ба шахсони саломатиашон заиф ва занони ҳомила вай маслиҳат дод, ки ҳатто дар сурати набудани нишонаҳои ҷиддӣ ҳам ба духтур муроҷиат кунанд.

СУТ чунин мешуморад, ки дар шароити паҳншавии ҳамзамони ду беморӣ, дар навбати аввал бояд кормандони тиб ва пиронсолон алайҳи зуком эмгузаронӣ шаванд. Инчунин дар гурӯҳи афзалиятнок кӯдакон, занони ҳомила ва шахсони саломатиашон заиф шомил мебошанд, иброз дошт Тарик Язаревич.

Вале, бо дарназардошти мушкилоте, ки ҳоло соҳаи тиб бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, талабот ба ваксинаи зуком метавонад дар баъзе кишварҳо аз пешниҳод дида зиёдтар бошад, қайд мекунанд коршиносон. Аз ин лиҳоз коршиносони соҳаи эмгузаронии СУТ чунин мешуморанд, ки дар шароити пандемияи COVID-19, дар байни панҷ гурӯҳи осебпазир, кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон афзалияти баландтари эмгузаронии алайҳи зуком доранд.

СУТ интизор дорад, ки бо сабаби фаро расидани мавсими зуком дар нимкураи Шимолӣ, давлатҳо нақшаҳои худро дар бахши мубориза бо зуком дар шароити пандемияи COVID-19 мутобиқ мекунанд. Язаревич таваҷҷӯҳро ба тавсияҳое, ки 6 ноябр дар ин бора нашр шудаанд, ҷалб кард. СУТ хотирнишон кард, ки ҳар сол то 1 миллиард нафар гирифтори зуком мешавад, дар айни ҳол аз 3 то 5 миллион бемориро ба сахтӣ мегузаронанд ва то 650 ҳазор нафар аз мушкилоти роҳи нафас фавт мекунанд. Гарчанде ки имсол дар нимкураи Ҷанубӣ ҳолатҳои зуком назар ба солҳои қаблӣ камтар ба қайд гирифта шудаанд ва мутахассисон онро ба маҳдудиятҳои санитарӣ бо сабаби COVID-19 вобаста медонанд, аммо мутмаин нестем, ки вазъ дар нимкураи Шимолӣ дар мавсими зукоми солҳои 2020-2021 низ ҳамин тавр хоҳад буд, қайд карданд дар СУТ.

Дар сурати бекор намудани чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус дар нимкураи Шимолӣ, интиқоли зуком метавонад афзоиш ёбад ва боиси гардиши ҳамзамони зуком ва COVID-19 гардад. Ин ҳолат ба аҳолии осебпазир ва системаҳои тандурустӣ дарди сари иловагӣ хоҳад овард, мегӯянд мутахассисони СУТ.

                                                                       Акси: TRT WORLD

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 922
  • 1,168
  • 841,408