Ба истифода додани Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳритус

Ба истифода додани Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Ноябр 16
15:43 2020

Бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Каритас Олмон дар Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва дигар ташкилоту муассисаҳои манфиатдор маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳритус, ки дар чорчубаи лоиҳаи “Татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритус” бозсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, доир шуд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, он бо дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва Ташкилоти ҷамъиятии “Шифо” татбиқ мегардад.

Муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Меҳринисо Раҷабзода зимни  ифтитоҳи маркази мазкур ба шарикони рушд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуда, нақши ин лоиҳаро ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии шахсони дорои маъюбият дар ноҳия хеле баланд арзёбӣ  намуд.

Сардори Шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Юсуфзода вобаста ба дастгирии бахши ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки ифтитоҳи ин бинои нав воқеан саҳми бузургест дар татбиқи ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табдил додани шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва умуман татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 – 2020”.

“Ташкилоти мо, ки дар амалисозии Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал дар Тоҷикистон беш аз даҳ сол таҷрибаи корӣ дорад, талошҳои худро ҷиҳати воридсозӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои қишрҳои осебпазири ҷомеа идома хоҳад дод”,-изҳор дошт намояндаи Ташкилоти Каритас Олмон дар Тоҷикистон Негматов Шуҳрат.

Бинои нави Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳритус дорои 6 ҳуҷра мебошад, ки дар он бахши хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, бахши тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд, бахши иттилоотӣ – таҳлилӣ ва идораи ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия,   устохона барои таъмири воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,237
  • 1,168
  • 841,723