Олимони немис маҳсулоти табииеро, ки COVID-19-ро маҳв мекунад, номбар карданд

Олимони немис маҳсулоти табииеро, ки COVID-19-ро маҳв мекунад, номбар карданд
Ноябр 17
13:20 2020

Олимони немиси  Пажӯҳишгоҳи вирусологии молекулавии Маркази тиббии Донишгоҳи Улм маҳсулоти табииеро, ки 97% коронавируси SARS-CoV-2 -ро маҳв мекунад, муайян карданд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», натиҷаи таҳқиқот дар маҷаллаи bioRxiv нашр шудааст.

Чунончи, коршиносон муайян карданд, ки назар ба ҳар чизи дигар ин вирусро афшураи меваи ғубайро (рябина)-и сиёҳ маҳв мекунад. Ғайр аз он, афшураи анор низ метавонад то 80% патогенҳои COVID-19-ро нобуд кунад.

Олимон зикр кардаанд, ки дигар афшураҳои табиӣ ва инчунин чойи сабз ба коҳиши сирояти коронавирус таъсири судманд доранд. Ба гуфтаи онҳо, ин маҳсулоти табиӣ дорои муҳити турш ва полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки ба вирус таъсири манфӣ мерасонанд.

Аз оғози пандемия дар ҷаҳон беш аз 54 миллион бемори гирифтори коронавирус сабт шуда, зиёда аз 37,5 миллион нафар одамон шифо ёфтаву беш аз як миллион нафар ҷон бохтаанд. Дар Россия зиёда аз 1,9 миллион нафар шахсони гирифтори COVID-19 муайян карда шуданд. Федератсияи Россия аввалин кишварест, ки дар ҷаҳон ваксинаи зидди COVID-19 -ро ба қайд гирифт. Доруро Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалея дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Россия таҳия ва номи онро «Спутник V» гузоштаанд. 15 октябр президенти Россия Владимир Путин дар бораи сабти ном шудани ваксинаи дуюми зидди COVID-19, ки «ЭпиВакКорона» номгузорӣ шудааст, хабар дод. Ин ваксина дар маркази «Вектор» -и Новосибирск коркард шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 445
  • 1,263
  • 842,194