ИҚДОМИ ШОИСТА: Соҳибкор Маркази саломатӣ бунёд намуд

ИҚДОМИ ШОИСТА: Соҳибкор Маркази саломатӣ бунёд намуд
Ноябр 25
09:55 2020

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли равон  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як Маркази саломатии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Деҳбаланди ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи мазкур аз ҷониби соҳибкор Шодибек Раҷабов бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он дорои ҳуҷраҳои  қабули беморон, табиби оилавӣ,  ташхиси занон, хатна ва  доругузаронӣ мебошад.

Ҳамзамон,  гуфтан ба маврид  аст, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази саломатии номбурда бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Маркази саломатии навбунёд аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур ҷойгир буда, дар ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад.

Баъди ба истифода додани чунин муассисаи хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ минбаъд сокинони ҷамоати мазкур бо хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, Маркази саломатӣ ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати босифтаи тиббӣ хоҳад расонид.

Минбаъд 12 нафар табибони маҳаллӣ дар Маркази саломатии мазкур  бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ин  иқдоми соҳибкор Шодибек Раҷабов дар пайрави ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ амалӣ гардида, он туҳфаи арзишманде дар Рӯзи таҷлили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 778
  • 1,263
  • 842,527