1-ДЕКАБР -РӮЗИ УМУМҶАҲОНИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ: «ЯКДИЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, МАСЪУЛИЯТИ ОММА!»

1-ДЕКАБР -РӮЗИ УМУМҶАҲОНИИ МУБОРИЗА  АЛАЙҲИ БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ:  «ЯКДИЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, МАСЪУЛИЯТИ ОММА!»
Декабр 01
16:37 2020

Ҳамасола санаи 1-уми декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумҷаҳонии мубориза алайҳи бемории пайдошудаи норасоии масуният қайд карда мешавад. Дар ин рӯз миллионҳо нафарон дар ҷаҳон лентаҳои сурхро, ки яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, овезон мекунанд. Инчунин, ин рамз ҳамаро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ВНМО ва гирифтани пеши роҳи сирояти он даъват менамоянд.  Имсол санаи мазкур  таҳти шиори «Якдилии байналмилалӣ, масъулияти омма!» дар саросари олам қайд карда шуд.

Бахшида ба ин сана аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои маърифатию таблиғотӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи чорабиниҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошти умумӣ ва шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 баргузор  карда шуданд.

Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе конфронси миллӣ дар мавзӯи «Натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» давоми соли равон гузаронида шуд, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷаъфаров иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ оид ба натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳозирин маълумот дода шуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.

Ҳамзамон, 1 декабри соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» бо иштироки намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналмилалӣ чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ба тариқи онлайн  баромад намуда, доир ба вазъи бемории ВНМО дар Тоҷикистон ва чораҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати кишвар суханронӣ намуд.

дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО», шарикони рушд, директорони ташкилотҳои ҷамъиятӣ  баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» оид ба дастовардҳои кишвар дар муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид.

Инчунин, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» як қатор ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона амал менамоянд, бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,115
  • 1,168
  • 841,601