Хатлон: Чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд

Хатлон: Чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд
Декабр 10
14:46 2020

Аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Хатлон доир ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19  пайваста чорабиниҳои оммафаҳмонӣ доир мегарданд.

Чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ 10 декабри соли равон аз ҷониби кормандони сарраёсати мазкур дар бозорҳои “Ҳоҷи Шариф”, “Фаровон” ва майдони Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар  доир гардида,  дар ҷараёни он ба шаҳрвандон доир ба риояи гигенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур бо ронандагону масъулони соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он ба ронандагон ва мусофирон  ниқоби тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикии ройгон тақсим карда шуд.

Бояд гуфт, ки Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории  COVID-19, аз ҷумла пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосиаи иҷтимоӣ гигиенаи шахсӣ дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,050
  • 1,263
  • 842,799