Боздиди гурӯҳи кории вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз вилояти Хатлон

Апрел 12
13:41 2017

Сафари гурӯҳи кории  мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода аз 10 апрели соли равон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад. Зимни сафари корӣ роҳбарияти соҳа аз муассисаҳои ташхисию табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дидан намуда, дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва роҳбарону масъулони муассисаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Дар ҳошияи сафари корӣ вохӯрии вазир бо раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Гулмаҳмадзода ба анҷом расонида, бениҳоят судманду самаранок ва муфид дониста шуд.

Ҷаласаи сайёри соҳа таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим  Олимзода дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов доир гардид, ки дар кори он муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мағфират Умар Хидирзода, намояндагони шарикон оид ба рушд Игор Поканевич, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Лучиа Элми, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Вероник Жоффруа, ҳамоҳангсози барномаҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, инчунин, мушовирони маҳаллӣ ва байналмилалии Бонки олмонии рушд, Лоиҳаи “Сино”, “Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” (Бонки умумиҷаҳонӣ), Хазинаи нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид, “ИнтраХелс” иштирок намуданд.

Дар ибтидо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода зикр намуд, ки  “Дастовардҳои соҳаи мо маҳз бо дастгирию кӯмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамасола зиёд намудани маблағгузории соҳа (19 маротиба музди маош), рушди усулҳои ташхису табобат, воридоти таҷҳизоти навтарин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамони хурду бузург имконпазир гардида, дар натиҷа имрӯз шумораи беморони барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафта коҳиш ёфта, дар баробари он ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои дигар ба муассисаҳои тандурустӣ дар ҳудуди кишвари мо зиёд шуда истодааст. Дар соли таҷлили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бениҳоят муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ гардида, аз оғози худ то ба имрӯз аллакай бо рӯйдодҳои хотирмони иқтисодиёти сатҳи ҷумҳуриявӣ пурмаҳсул шудааст, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» маънои хоса дошта, тавре дар Паёми худ иброз доштанд, ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Дар ин раванд вазорат тасмим гирифтааст, ки тавассути сафарҳои кории роҳбарияти вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикон оиди рушд дар ҷараёни ҳамоҳангсозӣ ва тақсимоти мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда дар мавқеи татбиқи лоиҳаҳо вазъи феълии ҳолати хизматрасонии тиббию иҷтимоиро ба аҳолӣ, алалхусус ба табақаҳои осебпазири он, маъюбону пиронсолон ва шахсони ниёзманд аз наздик шинос гардида, роҳҳои ҳаллу фасли мушкилотҳои ҷойдоштаро дарёфт намояд. Аз ин хотир тамоми роҳбарияти раёсату хадамотҳои назорати давлатӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат бо кормандони масъули шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, дорухонаҳо вохӯриҳо доир намуда, таҳлил гузарониданд.

Ба ҳозирини ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти вазорат  дар хусуси пешрафти соҳа ва мушкилоту роҳи ҳалли он пешниҳоду маслиҳатҳо дода шуд. Аз ҷумла қайд кардид, ки, “Ҳукумати кишвар ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда,  алалхусус ҳифзи саломатии модарону кӯдакон, пиронсолону маъюбонро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд.Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар сохтори  тандурустии мамлакат ҷараёни  бозсозии соҳа, аз он ҷумла таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ,  такмили системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ, рушд ва таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ авҷ гирифт.Дар семоҳаи якуми соли равон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017таҳти №89 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва таҳти № 90 «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» тасдиқ карда шуданд. Ҷиҳати иҷрои банди 2-и қарори мазкур фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи “Дастурамал ва Қоидаҳо доир ба татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2017-2019” таҳия гардида, дар сатҳи тасдиқ қарор дорад. Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  аз 31 марти соли 2017, №222 “Нақшаи чорабиниҳо ва механизми мониторинги татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №90 “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ  дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” тасдиқ карда шуд.15 марти соли 2017 лоиҳаи «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»баъди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона дастгирӣ гардида, ин бениҳоят дастоварди муҳим дар сиёсати соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад. Дар ин давра нақшаи амалисозии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2010»тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шудааст. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки вазорат ба қадри имкон баҳри иҷрои вазифаҳои дар соли 2017 вогузор гардида чораҳои заруриро андешида, бо кӯмаку дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шарикон оид ба рушд минбаъд низ корҳоро дар самтҳои афзалиятнок пурзӯр менамояд”.

“Ман ба тамоми аҳли кормандони тиббию иҷтимоии вилояти Хатлон барои комёбиҳои назаррас дар тӯли 25 соли истиқлол ва раванди мусбии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, пешрафти кори муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар ин марҳила арзу сипоси худро изҳор менамоям. Ҳамзамон имрӯз дар ин толор бо шумоён, ҳамкасбони мӯҳтарам, ба таври ошкоро дар муҳити корӣ оиди масъалаҳои мубрами соҳа, мушкилотҳо ва камбудиҳои ҷойдошта сухан ронда, дар якҷоягӣ бо шумоён оиди ҳаллу фасли ин проблемаҳо сӯҳбат карданиам. Бо назардошти моҳияти муҳими масъалаи сифати хизматрасонии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва семоҳаи якуми соли равон аз ҷониби Президенти кишвар оиди таҳлили ҷараёни азхудкунии маблағҳои ҷудошаванда, аз он ҷумла маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, инчунин, оиди таҷдид ва таъмири муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, алалхусус муассисаҳои сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, пурзӯр намудани заминаи моддию техникии онҳо тавассути барномаҳои миллӣ супоришҳои мушаххас дода шуда буданд. Барои иҷрои супоришҳои мазкур вазорат дар якҷоягӣ  бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлондар доираи барномаҳои рушд якчанд чорабиниҳои муҳимро ба анҷом расонидааст.

Гарчанде, ки дар давоми солҳои охир нишондиҳандаҳои солимии аҳолии вилоят беҳтар шуда бошанд ҳам, дар муқоиса дар баъзе ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор доранд. Масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии вилоят нишондиҳандаҳои солимии модарону кӯдакон, вазъи хизматрасонии беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, алалхусус сил, сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одамро дарбар мегиранд. Инчунин, яке аз масъалаҳои ташвишовар ин дар сатҳи баланд қарор доштани нашъамандӣ мебошад.

Пӯшида нест, ки яке аз омилҳои асосии барои хизматрасонии самаранок мусоидаткунанда ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва шароиту муҳити ташхису табобат мебошад. Дар айни замон аз ҷониби роҳбарияти вилоят, мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сохторҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ корҳои таъмирию барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон гузаронида шуда истодаанд, ки дар ин самт дар солҳои охир кор вусъат ёфтааст. Бояд тазаккур дод, ки гарчанде дар солҳои охир, бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қисми зиёди муассисаҳои тандурустӣ таъмиру тармим ва аз нав сохта, бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин шуда бошанд ҳам, то ҳол қисми зиёди муассисаҳои тандурустии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо таъмирталаб буда, дастгоҳу таҷҳизотҳои тиббии онҳо кӯҳнаю фарсуда буда, сатҳи камтарини ташхису табобати беморонро таъмин карда наметавонанд. То ҳол марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ таъмирталаб мебошанд ва ё дар ҷойҳои номутобиқ ҷойгир шудаанд. Дар ин самт бояд ба ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дарёфти манбаҳои иловагии ғайрибуҷетӣ аҳамият дода шавад. Дирӯз ҳангоми ташриф ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Ҳамадонӣ ва имрӯз дар ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ бисёр камбудиҳо аён гардиданд.

Дастгоҳҳои беҳискунӣ ва нафасдиҳии сунъӣ дар беморхонаҳо аксаран барориши солҳои то 1980 буда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо чунин дастгоҳҳо умуман мавҷуд нестанд ва табибон дар ҳолатҳои зарурӣ ба бемор шабонарӯз бо истифода аз халтачаи Амбу нафаси сунъӣ медиҳанд. Дастгоҳҳои гаронарзиши харидоришуда бошанд камсамар истифода бурда мешаванд.

Бинобар ин зарур аст, ки бо мақсади фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ дар буҷети маҳаллӣ барои соҳаи тандурустӣ ҷиҳати харидории таҷҳизотҳои барои ташхису табобати зарурӣ (дастгоҳҳои ренгенӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ЭКГ, дефибриллятор, кувез,систоскоп, ректоскоп, эндоскоп ва ғайра) маблағҳои муайян ҷудо карда шаванд. Аз ин рӯ, мо барои дастгирии мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро намояндагони ташкилотҳои байналмилалиро даъват намудем.

Яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии вилоят – ин ба ҷои кор рафта расидани кормандони ҷавон ва хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Бисёри онҳо пас аз хатми донишгоҳ ё гузаштани курсҳои бозомӯзӣ дар пойтахт ба кор дохил мешаванд ва ё берун аз марзи кишвар мераванд. Ба фикри ман, ин ба паст будани сатҳи ҳавасмандкунии мутахассисони соҳаи тандурустӣ (ба монанди тариқи имтиёз ҷудо намудани қитъаи замин, хонаи истиқоматӣ, баланд бардоштани музди маоши меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоӣ) вобаста аст. Алалхусус барои дастгирии мутахассисони силшинос, табибони оилавӣ, ки ба онҳо аҳолии вилоят ниёз дорад,  аҳамият додан зарур аст”,- қайд кард вазир Насим Олимзода ва дар баробари  зикри камбудиву мушкилоти ҷойдошта ҳамчунин роҳи ҳалли онро дар доираи Стратегияи вазорат ва нақшаҳои он барои рушди соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоии мамлакат, аз он ҷумла вилояти Хатлон барои солҳои наздик ба масъулони соҳа пешниҳод намуд.

Ҳамзамон ҳангоми сафари корӣ ба як қатор муассисаҳои  вилоят таҷҳизоти зарурии заминавӣ дастрас карда шуд.

Сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,085
  • 1,168
  • 841,571