Маводҳои дорувории муҳлатгузашта безарар гардонида шуд

Апрел 17
13:56 2017

Беш аз 207 номгӯй ба миқдори 27 ҳазору 691 адад маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаю бе сертификати мутобиқат несту нобуд карда шуд.

Чунончи аз Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, рӯзи 13 апрел дар ҳузури комиссияи салоҳиятдор ва намояндагони ВАО маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта несту нобуд карда шуданд.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода сардори Раёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон пеш аз нестунобудкунии маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиени изҳор дошт, ки аз ҷамъи умумии маводҳо 149 номгӯй ё 26 ҳазору 584 ададашро маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта, 58 номгӯй ба миқдори 1 ҳазору 107 адади дигарашро маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобитқат ташкил медиҳанд.

Номбурда дар давом сӯҳбаташ илова кард, ки 106 номгӯй ё 21 ҳазору 600 адади ин маводҳоро ду ширкати фармасевтӣ ва 8 муассисаи табобатию пешгири бо мактуб барои безарар несту нобуд намудан ба раёсат супурдаанд. Боқи 101 номгӯй дигарашро мутахассисони раёсат зимни санҷишҳои муассисаҳои фармасевтӣ ва табобатию пешгирии аз муомилот гирифтаанд.

Дар се моҳи соли равон мутахассисони раёсат нисбати 30 нафар шахсони масъул протоколҳои маъмури тартиб дода ба маблағи умумии 58 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ кардаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,028
  • 1,263
  • 842,777