Декабр 26
09:49
2020
Имрӯз, 26 декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазир сурат гирифт. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо шаҳрвандон гуфтугӯи озод анҷом дода, пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дод.