Бонки миллӣ ба «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» 1 тонна маводи хӯрока кумак намуд

Бонки миллӣ ба «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» 1 тонна маводи хӯрока кумак намуд
Декабр 30
13:52 2020

Дар арафаи Соли нави мелодӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» кӯмак расонид. Кӯмак аз 1 тонна маводи хӯрока – шириниҳо, равған, биринҷ, марҷумак, макарон ва дигар маҳсулоти  донагӣ, инчунин 14 номгӯй либосҳои зимистона,  дастгоҳи гармидиҳандаи барқӣ, 240 адад туҳфаи солинавӣ, маводи гигиенаи шахсӣ барои беҳдошти вазъи саломатӣ иборат мебошад. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо шароити зисти бошандагон муассисаи мазкур шинос шуда,  маводи  зикршударо дастраси онҳо гардониданд.

Мавриди  зикр аст, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии ҳамешагии онҳо,  аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 936
  • 1,263
  • 842,685