1531 нафар ба истироҳат ва табобат фаро гирифта шуданд

1531 нафар ба истироҳат ва табобат фаро гирифта шуданд
Январ 04
16:15 2021

Дар системаи  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як осоишгоҳ – Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб», се истироҳатгоҳҳо-«Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун», «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и  шаҳри Ваҳдат» ва «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалаъа (Занинс)» ба таври мавсимӣ фаъолият менамоянд.

Давоми соли 2020 аз ҷониби муассисаҳои истироҳатии соҳа 1072 нафар бо роҳҳат, 197 нафар роҳбалад ва 262 нафар ба таври шартномавӣ ва дар маҷмӯъ 1531 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Ба истироҳаткунандагони осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ ҳамагӣ 271 нафар кормандон, ки аз инҳо 95 нафар ба таври доимӣ ва 176 нафарашон ба таври мавсимӣ фаъолият доранд, хизмат мерасонанд. Ҳамаи кормандони муассисаҳои болозикр тибқи тартиби муқарраргардида бо либоси ягонаи корӣ таъмин карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки давоми ду соли охир кормандони тиб ва кормандони хурди тиббӣ,  кормандони ошхонаи муассисаҳо аз барномаи курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони иҷтимоӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” бархурдор гардиданд. Омода намудани ҳайати кории кормандон ба мавсими истироҳатӣ ва гузаронидани кормандон аз муоинаи тиббӣ моҳи апрели соли 2020 ба итмом расонида шуд.

Давоми соли сипаришуда дар тамоми муассисаҳо фаъолияти фитобарҳо ба роҳ монда шуда, айни ҳол 52 номгуи гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои хушконидашуда дар асоси тавсияи табибон ба истироҳаткунандагон аз гиёҳҳои шифобахш тариқи нӯшоба ва дамоба пешниҳод карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 215
  • 1,263
  • 841,964