Январ 06
17:10
2021
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ то имрӯз, 6 январ дар кишвар 13305 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13111 нафар ё 98,5% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ҳамзамон, 104 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.