Ятимони кулли вилояти Хатлон аз мавзеи сайёҳии «Сафеддара» дидан намуданд

Ятимони кулли вилояти Хатлон аз мавзеи сайёҳии «Сафеддара» дидан намуданд
Январ 14
14:14 2021

Бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як гурӯҳ ятимони кулли вилоят барои саёҳат ва истироҳат ба мавзеи сайёҳии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб сафар намуданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар ин сафари сайёҳӣ гурӯҳи ятимонро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон танҳо ба самти фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум равона гардидаанд ва дар ин раванд дастгирии табақаи ниёзманд, аз қабили ятимону бепарасторон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд авлавият дорад.

Зимни сафар онҳо аз тамошои мавзеъҳои зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои нотакрори диёр болидахотир гаштаву ғизои маънавӣ бардоштанд. Кӯдакон аз дидани манзараи нуқрафому дилкушо, сайругашти одамони зиёд ва сайёҳони хориҷӣ ба ваҷд омада, хурсандиашонро ҳадду канор набуд.

Онҳо дар ин макони дилфиреб ба бозии рӯйи ях ва барфбозӣ машғул гардидаанд. Инчунин гурӯҳи сайёҳони наврас гирди гулхан ҷамъ шуда, бо ҳамдигар суҳбати дӯстона оростанду рақсу бозӣ карданд.

Сайёҳони наврас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 673
  • 1,263
  • 842,422