Сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон беҳтар мегардад

Сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон беҳтар мегардад
Январ 14
15:00 2021

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон фаъолияти хешро дар соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар ин давра як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Дар вилояти Хатлон шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ  1668 адад, аз ҷумла муассисаҳои вилоятӣ 52 адад, марказҳои махсусгардонидашуда бо статсионар 33 адад, амбулаторӣ 11 адад, марказҳои методӣ 158 адад,  беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо 24 адад, беморхонаҳои рақамӣ (минтақавӣ) 58 адад, марказҳои саломатии ноҳиявӣ 22 адад, марказҳои саломатии деҳот  369 адад ва бунгоҳҳои тиббӣ 709 адад мебошанд.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки шумораи умумии кормандони соҳаи тиб  дар вилоят  35 ҳазору 457 нафарро ташкил намуда, дар вилоят ду нафар доктор  ва 24 номзадҳои илми тиб фаъолият мекунанд.

Давоми соли 2020 дар вилоят 411 нафар табибон ва 1812 нафар ҳамшираҳои тиб аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Инчунин, баъди хатми курси таҷрибаомӯзи (интернатура) хатмкунандагони солҳои 2018-2019  189   нафар ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо кор  таъмин карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 997
  • 1,263
  • 842,746