Ҷамолиддин Абдуллозода: Соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 гузаштанд

Ҷамолиддин Абдуллозода: Соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 гузаштанд
Январ 16
14:59 2021

Имрӯз, 16 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 доир гардид, ки дар кори он сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони раёсат ва роҳбарияти муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии зертобеи вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ширкат намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки  соли 2020 барои кормандони соҳаи тандурустии кишвар соли пурмасъулият ва имтиҳони донишу маҳорат ба шумор меравад. Зеро, дар соли сипаригашта бо назардошти пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 масъулияти табибони кишвар дар ҷомеа бамаротиб бештар гардида, дар чунин як давраи душвор онҳо тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати касбӣ дар пешгирӣ ва табобати ин беморӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд. Номбурда иброз дошт, ки соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 гузаштанд.

Зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати вусъат бахшидани чорабиниҳои пешгирикунандаю табобатӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолии кишвар, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои алоқаманди мамлакат   як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Дар ҳамин замина, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии кишвар санаҳои 20 май ва 18 уми августи соли  2020 барои табибон ва олимони тибби кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо гардиданд, ки татбиқи самтҳои муайяннамудаи онҳо ба рушди босуръати соҳа такони амиқ хоҳанд бахшид.

Зимни мулоқотҳои хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастовардҳо, норасоиҳо ва вазифаҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани солимии мардуми кишварамон ибрози андеша намуда, ҳамзамон, хизматҳои арзанда, шуҷоати табибон ва ҳамшираҳои шафқатро дар муассисаҳои тиббии кишвар дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19  махсус зикр намуданд.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода зимни суханронии хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Сарвари давлат имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, аллакай дар ин самт як қатор пешравиҳои муҳиму назаррас  ба даст омадаанд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустӣ низ доир ба фаъолияти хеш дар соли 2020 ҳисобот доданд.

Дар охири ҷаласа қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба тамоми масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 194
  • 1,263
  • 841,943