Фарбеҳӣ – омили асосии пайдоиши бемориҳои ғайрисироятӣ

Фарбеҳӣ – омили асосии пайдоиши бемориҳои ғайрисироятӣ
Январ 18
16:05 2021

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, инсоният аз рӯзе, ки дар сайёраи Замин ба зистан шурӯъ кард, ӯро ҳар гуна проблемаҳои ниҳоят душвор пайгирӣ менамоянд. Дар замони ҳозира низ инсоният бо  мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, озуқаворӣ ва ғ. дар мубориза аст. Новобаста аз тараққиёти илму технология ва баланд  гардидани сатҳи донишу фарҳанги аҳолии сайёра, ҳанӯз ҳам гурӯҳи бемориҳои табобатнашаванда ё бемориҳое, ки табобати онҳо сарфи зиёди маблағ ва қувваю иродаи баланди беморро талаб мекунад, хеле зиёданд. Яке аз чунин бемориҳое, ки онро ҳамчун вабои аср эълон кардаанд, фарбеҳӣ мебошад. Айни ҳол теъдоди гирифторони фарбеҳӣ ниҳоят зиёд  мебошад. Махсусан, дар кишварҳои  пешрафтаи дунё ба мисли Амрико, Мексика, Испания, Бразилия, Федератсияи Россия чунин беморӣ зиёд ба чашм мерасад ва бояд зикр намуд, ки ин падида миёни аҳолии Тоҷикистон низ  мушоҳида мешавад.

Фарбеҳӣ  ҳолатест, ки бо зиёдшавии чарбҳо дар организм ва ҷамъшавии он дар чарби зери пӯст ва дигар узвҳою бофтаҳо зоҳир мегардад. Чарбҳо низ ба мисли  дигар  таркиботи ғизо моддаи  зарурӣ  ҳисоб  мешавад. Чарбҳо  дар  тамоми  равандҳои  мубодилавӣ фаъолона  ширкат   варзида, истеъмоли  ҳаррӯзаи он ба миқдори  муайян  барои  фаолияти дурусти бофтаҳо зарур аст. Талаботи  шабонарӯзии организм барои  инсони  солими  калонсол 80 – 100 гр.  чарбро ташкил  мекунад.  Қисми зарурии моддаҳои дигари ғизоӣ барои таъмини фаолияти  хуби бофтаҳо сарф мешавад,  қисми боқимондааш бошад, аз организм хориҷ мешавад. Чарбҳо низ дар ҳар раванд иштирок намуда, қисми боқимондааш  захира мешавад. Бо ин мақсад  дар организм ҳуҷайраҳои чарбзахиракунанда (адипоситҳо) вуҷуд доранд. Бо роҳи ихроҷ ва ғадудҳои чарбубарор  5 % – чарби истеъмолшуда аз организм хориҷ мешавад.

Сабаби асосии ба вуҷуд омадани фарбеҳӣ ин қабули зиёди энергияи ғизо ва сарфи ками он мебошад. Ғайр аз ин, боз омилҳои дигаре низ  вуҷуд доранд, ки ба фарбеҳшавӣ мусоидат менамоянд. Инҳо як гурӯҳ бемориҳои ғадудҳои тарашӯҳи дохилӣ: вайроншавии фаъолияти гипофиз, гипоталамус, ғадуди болои гурда-бемории Кушинг, гипотиреоз, инчунин ҳомиладорӣ, камҳаракатӣ, ирсият  ва дигар омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин, стрессҳои гуногуни равонӣ,   ҳангоми андуҳгин будан, ки баъзеҳо ин ҳолати худро бо хӯрокхӯрӣ  таскин бахшиданӣ мешаванд. Шумораи зиёди инсонҳое, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд, онҳо аслан дар ҳаёт камҳаракатанд. Новобаста аз он? ки миқдори киллокалорияе, ки тӯли як шабонарӯз қабул мекунанд, аз меъёри муқаррарӣ зиёд набошад ҳам, вале зиёдшавии вазн дар онҳо мушоҳида мешавад. Ғайр аз пурхӯрӣ, истеъмоли зиёди хӯроки чарби ҳайвонот дошта ва карбогидратҳои зудҳазмшаванда низ омили муҳими фарбеҳшавӣ маҳсуб мешаванд. Ҳамин тариқ, истеъмоли хӯрокҳои серравған, маҳсулотҳои қаннодӣ, оҳардошта, маҳсулоти шири серравған боиси зиёд гардидани вазн мешаванд.

Бар замми ин, ҳангоми сарф накардани килокаллорияи қабулшуда такроран қабул кардани каллорияҳои иловагӣ боиси ҷамъшавӣ ва захирашавии молекулаҳои чарбӣ мегардад. Ҳамин тариқ, агар вазни инсон аз вазни мувофиқ ба қаду қоматаш муқарраргардида  20%  зиёд бошад, фарбеҳшавӣ дар ӯ мушоҳида мешавад.

Фарбеҳӣ бемориест, ки марҳилаҳои пинҳонӣ надорад ва аз давраҳои аввали беморӣ аломатҳои он ва шикоятҳои бемор шурӯъ мешаванд. Ҳангоми сари вақт пешгирӣ накардан ва монеъ нашудан, фарбеҳшавӣ тағйироти ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Сарфи назар аз нуқсонҳои косметикӣ, дигаргуниҳо дар ҳамаи узву бофтаҳо пайдо мешавад. Дар марҳилаи якум ва дуюми фарбеҳшавӣ тарзи ҳаёт ва қобилияти корӣ он қадар тағйир намеёбад. Аммо ҳангоми пешгирӣ накардан, он дар муддати кӯтоҳ метавонад ба марҳилаҳои сеюм ва чорум гузарад. Дар марҳилаи сеюм аллакай тағйиротҳо дар узвҳои дилу рагҳо, такя ва ҳаракат, узвҳои ҳозима шурӯъ мешаванд.

Инсонҳои ба фарбеҳӣ мубталошуда, новобаста аз синну сол аз зуд хасташавӣ, нафастангӣ, арақкунии зиёд, дарди пойҳо ва бадшавии ҳазми ғизо шикоят  мекунанд. Онҳоро хатари вайроншавии ғадудҳои тарашуҳи дохилӣ, бемории фишорбаландӣ, атеросклероз, бемории қанд ва ба вуҷуд омадани марги нобаҳангом таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ки табобати фарбеҳӣ дар навбати аввал аз шахс иродаи қавиро талаб мекунад. Маҳз иродаи қавӣ метавонад инсони фарбеҳро аз ин роҳи пурмашаққат гардонад. Дар навбати дуюм риояи парҳези ғизо ва машқҳои ҷисмонӣ мебошад. Реҷаи парҳези ғизоро табиби бемориҳои дохила ҳамроҳи табиби парҳезшинос (диетолог) тартиб медиҳанд.  Ашхоси дараҷаи якум ва дуюмдошта мустақилона бо риояи реҷаи парҳез ва иҷрои машқҳои ҷисмонӣ метавонанд раванди фарбеҳшавиро пешгирӣ намоянд. Дар аввал машқҳои оддӣ, аз қабили  пиёдагардӣ, оббозӣ, машқи пагоҳирӯзӣ ва ғ. бояд интихоб шаванд. Инчунин, дар як шабонарӯз истеъмоли якуним-ду литр об зарур аст. Раванди харобшавӣ бояд мунтазам гузарад, зеро ки ҳангоми харобшавӣ организм моддаҳои ғизоӣ, витаминҳо, макро ва микроэлементҳоро низ аз даст медиҳад. Ин ҳолат ба баъд шудани вазъи умумии бемор ва ҳамроҳ шудани дигар бемориҳои музмин  мегардад.

Муолиҷаи фарбеҳӣ ба мисли дигар бемориҳои музмин бояд бетанаффус ва бо риояи ҳатмии реҷаи табобат ва хӯрок гузаронида шавад. Баъди ноил шудан ба муваффақиятҳо  дар самти пешгирии оризаҳо,  баҳри нигоҳ доштани натиҷаи бадастомада кӯшиш кардан лозим аст, зеро фарбеҳшавӣ низ хусусияти бозгаштанро дорад. Вазни партофташуда то 100 % метавонад барқарор шавад. Бо ин мақсад риояи парҳези ғизо ва иҷрои машқҳои ҷисмонӣ бояд ҳатмӣ ва доимӣ бошад.

Тавре ки дар дар боло зикр шуд, яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ пурхӯрӣ мебошад. Пурхӯрӣ метавонад шакли музминро бигирад, яъне ба одат табдил ёбад. Ин ба вайроншавии  фаъолияти  маркази иштиҳо  дар     мағзи сар оварда мерасонад ва дар натиҷа меъёри хӯроки истеъмолшуда нокифоя мегардад. Дар инсон хоҳиши хӯрдани хӯроки изофавӣ пайдо мешавад, ки чунин кирдор албатта боиси зиёд шудани вазн мегардад. Инчунин, омилҳое дигаре низ вуҷуд доранд, ки метавонанд шахсро ба пурхӯрӣ водор  созанд.

Бояд дар хотир дошт, ки фарбеҳӣ ин ҳолати меъёрӣ набуда, балки беморӣ аст. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешниҳод намудани дастурамалҳои пешгирикунандаи фарбеҳшавӣ ва дигар чорабиниҳои беҳдоштӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои фоидаовар барои ашхосе, ки дар марҳилаҳои ибтидоии фарбеҳшавӣ қарор доранд, аз ҷониби табибони дармоншинос(терапевтҳо) дар тамоми муассисаҳо, ҳамчун воситаи муҳими ҳифзи солимии аҳолӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати пешгирии бемориҳои зикргардида мусоидат хоҳад  намуд. Зеро, на худи фарбеҳӣ, балки  оқибатҳои  нохуше, ки аз он бармеоянд, боиси канда шудани риштаи умри инсонҳо мегарданд. Табобат ва пешгирии саривақтии оқилона метавонад ҳаёти инсонро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорад ва зиндагии зебою бидуни бемориҳоро насибаш гардонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 927
  • 1,263
  • 842,676