СУТ аз пайомадҳои дастрасии нобаробар ба ваксинаи коронавирус огоҳ мекунад

СУТ аз пайомадҳои дастрасии нобаробар ба ваксинаи коронавирус огоҳ мекунад
Январ 19
13:42 2021

Дастрасии нобаробар ба  ваксинаҳои зидди коронавируси COVID-19 дар байни кишварҳои дорои сатҳи баланд ва пасти даромад кӯшишҳоро дар самти мубориза бо пандемия бар бод медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар дод, ин андешаро Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус 18 январ дар иҷлосияи Шӯрои иҷроияи СУТ баён кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон бо хатари воқеии ин рӯ ба рӯ мешавад, ки ваксинаҳо «санги дигаре дар девори нобаробарӣ байни дороҳо ва нодорҳои ҷаҳон» мешаванд.

Гебрейесус мӯътақид аст, ки тасмими кишварҳо дар мавриди дар қадами аввал эм намудани кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон — дуруст аст. Аммо, иштибоҳ дар ин аст, ки одамони ҷавон ва солим дар кишварҳои сарватманд нисбат ба духтурон ва одамони калонсоли кишварҳои камбизоат пештар бо ваксинаи зидди коронавирус эм карда мешаванд.

То имрӯз «зиёда аз 39 миллион вояи ваксина ба сокинони ҳадди аққал 49 кишвари дорои сатҳи баланди даромад гузаронида шудааст» ва ин дар ҳолест, ки «танҳо яке аз кишварҳои дорои сатҳи камтарини даромад 25 воя гирифтааст». «На 25 миллион, на 25 ҳазор, балки ҳамагӣ 25-то», — гуфт Гебрейесус.

Роҳбари СУТ илова кард, ки ҷаҳон «дар лаби ҷарии фалокатбори суқути ахлоқӣ қарор дорад», ки қимати он ҷонҳои инсонӣ хоҳад буд.

Қаблан, СУТ бо дарназардошти раванди паҳншавии уфунат эҳтимоли душвортар омадани соли дуюми пандемияро нисбат ба соли аввали он  истисно накарда буд ва пешгӯӣ намуда буд, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус метавонад дар як ҳафта ба 100 ҳазор тан бирасад.

11 январ хабар дода шуд, ки зиёда аз 40 кишвар эмгузарониро шурӯъ намудаанд.

                                                               АКС аз Youtube.com

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 440
  • 1,263
  • 842,189