Гирифторони бемории сил дар Тоҷикистон ба усули нави табобат дастрасӣ пайдо карданд

Гирифторони бемории сил дар Тоҷикистон ба усули нави табобат дастрасӣ пайдо карданд
Январ 21
13:41 2021

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки ба беморони сил дастрасии табобати навъи куллан нави BPaL-ро дар доираи барномаи таҳлилҳои таъҷилӣ амалӣ менамояд. Интизор меравад, ки ин намуди табобат дар муқоиса бо табобати шашмоҳаи шакли мутобиқгаштаи сил, ки  аз се дору иборат буда, ҳадди ақал дар тӯли 20 моҳ давом меёфт, муваффақияти бештар хоҳад дошт. Ҳамзамон, табобати ҳаррӯзаи сӯзандоругии дарднок ба беморон қатъ мегардад. Тибқи гуфтаи Агнес Гебхард, Директори техникии Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландия оид ба мубориза бар зиди сил (KNCV): “Ин хабари хеле хуш барои мубориза бо сил дар Тоҷикистон аст. Он метавонад ҳаёти бисёр одамонро наҷот диҳад”.

Усули BPaL (аз доруҳои ба мисли претоманид, бедакливин ва линезолид иборат буда)  аз ҷониби  ТВ Алянс таҳия гардида, дар доираи Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон бо дастгирии Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландия оид ба муқовимат бо сил амалӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур “Баҳамории далелҳо барои даври кӯтоҳмуддати табобати ШМС/ШВМС дар Тоҷикистон” ном гирифта,  аз ҷониби ташкилоти StopTBPartnership*s TB REACH’s Initiative бо дастгирии Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландия оид ба мубориза бар зиди сил (KNCV) маблағгузорӣ карда мешавад.

Тавре Шаҳноза Азимова, муовини Директори НПТ мегӯяд: “Мо хеле хушҳолем, ки таҳқиқоти таъҷилиро оид ба низоми нави табобати BРaL дар Тоҷикистон оғоз менамоем. Фикр мекунам, ки ҷорӣ намудани низоми нави табобат ва доруи нави претоманид ба кишвари мо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои табобати беморони гирифторони шакли мутобиқгаштаи силро (ШМС) ба таври назаррас беҳтар намуда, мутаносибан паҳншавии онро дар ҷомеаи мо коҳиш диҳад”.

Умеди нав барои одамони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил

Ҳар сол дар саросари ҷаҳон 1,4 миллион нафар аз бемории сил мефавтанд. Дар Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сил дубора ба саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ овард. Мувофиқи маълумоти НПТ, соли 2019 дар кишвар 5976 нафар беморони шакли гуногуни сил ба қайд гирифта шуданд, ки аз он 713 нафарашон бо шакли ба доруҳо тобовар (ШМС) ва шакли васеи ба доруҳо мутобиқгаштаи сил (ШВМС) гирифтор буданд. Сатҳи баланди гирифторӣ ба ШМС ва ШВМС мушкилоти калидӣ барои назорати самараноки сил дар Тоҷикистон мебошад.

Аксари мардумро бо табобати арзонтари стандартӣ метавон аз бемории сил табобат кард. Аммо, доруҳои маъмулии барои табобати ШВМС ба қадри кофӣ муассир нестанд ва табобат  хеле тӯл мекашад (20-24 моҳ). Мувофиқи нишондоди ТУТ, сатҳи табобати ШВМС– дар саросари ҷаҳон ҳамагӣ 43 фоизро ташкил медиҳад. Бо усули нави BPaL (6 моҳ бидуни тазриқ) бошад, тибқи озмоишҳои марҳилаи 3-и  New England Journal of Medicine  дар озмоишҳои клиникӣ сатҳи табобати  беморон 90 фоизро ташкил  медиҳанд.

Арзиши як давраи шашмоҳаи табобати BPaL тавассути  Механизми глобалии  таъмини маводи доруворӣ  (Global Drug Facility) TB REACH тақрибан 1000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Арзиши имрӯзаи табобати шакли васеи ба доруҳо мутобиқгаштаи бемории сил дар Тоҷикистон барои як бемор бештар аз 3500 доллари ИМА аст. Ҳамин тариқ, табобат бо усули BPaL сарфаи назаррасро барои ҳар як бемор дар системаи тандурустӣ кафолат медиҳад.

Барои бархе аз сокинон дар Тоҷикистон, ба мисли  Айётбегими 48 сола (дар акс),  ки гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил буда, умеди хеле ками зинда монданро доранд, ин намуди табобат умеди охирин аст. Дар кишвар ӯ аввалин нафарест, ки бо усули BPaL табобат мегирад. Айетбегим мегӯяд: “Ин табобати нав  охирон умедам барои хуб шудан аст ва ман ҳар коре мекунам, то ки бемории силро бартараф кунам, барои он, ки ман зиндагӣ ва духтари хурдамро, ки ба модар ниёз дорад, дӯст медорам. Бигзор бемориҳо ва табобатҳои гузашта дар гузашта бимонанд, акнун ин оғози нав дар ҳаёти ман аст ва ман боварӣ дорам, ки ин дафъа сиҳат мешаваму табобатам ба анҷом хоҳад расид”.

Тавсияи минбаъдаи татбиқи усули BPaL

Усули  BPaL  барои таҳқиқоти таъҷилӣ аз ҷониби Маъмурияти озуқаворӣ ва дорувории ИМА (Foodand Drug Administration – FDA), Агентии доруҳои Аврупо (Europan Medicines Agency – EMA),  Агентии танзимкунандаи доруҳои Ҳиндустон (Drug Controller General of Indi) тасдиқ шудааст ва аз ҷониби ТУТ тавсия дода мешавад. Дар Тоҷикистон мониторинг ва безарарии табобат бо усули BPaL ба роҳ монда шудааст, ки барои бештар гардидани татқиқотҳои илмӣ оиди воридсозии роҳу усулҳои кутоҳмуддати табобат мусоидат мекунад.

Ғайр аз Тоҷикистон, тавассути лоиҳаи LIFT-TB, KNCV татбиқи ин усулро дар  кишварҳои Қирғизистон, Украина, Ӯзбекистон, Мянма, Ветнам, Филиппин ва Индонезияро дастгирӣ мекунад. Лоиҳа аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва TBAlliance маблағгузорӣ ва дар ҳамкорӣ бо ITRC ва KNCV амалӣ карда мешавад. Дар Нигерия, KNCV усули BPaL-ро бо дастгирии Бунёди Ҳолланд (DutchFoundation,SMT) татбиқ мекунанд.

 Stop ТВ Partnership яке аз ташкилотҳои  Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсария мебошад, ки барои навсозии мубориза бар зидди бемории сил ва барои хотима бахшидани ин беморӣ то соли 2030 равона шудааст.

Ин созмон беш аз 2000 шарикро дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад ва ба ин васила дар таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ кӯмак мерасонад. Гурӯҳҳо ва ташаббусҳои гуногуни Stop Partnership барои муайян, маблағгузорӣ ва дастгирии равишҳо, ғояҳо ва ҳалли навоваронаю далерона ва оқилонаи хавфҳо равона шудааст, то ки ташкилотҳои дар самти сил фаъолиятдошта дар сатҳи баландтарини сиёсӣ садо баланд кунанд ва дастрасии ҳамаи беморони сил ба доруҳои арзон ва босифат ва нигоҳубини инсонӣ таъмин гардад.

Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландия бар зидди бемории сил (KNCV) аз рӯзи таъсисёбӣ, яъне аз соли 1903 фаъол аст. Дар тули ин 117 соли фаъолият ин ташкилот дониш ва таҷрибаи заруриро барои муборизаи самаранок  бо бемории сил ҷамъ овард, ки ин заминаи назаррас дар раванди ҷамъоварии маълумотҳои ҷаҳонӣ ва татбиқи барномаҳои зидди сил дар саросари ҷаҳон мебошад. KNCV дар самти дастгирии техникии кишварҳое, ки барои ҷорӣ кардани доруҳо ва низомҳои нав омодагӣ мегиранд, таҷрибаи фаровони байналмилалӣ дорад.Инчунин,  Ассотсиатсияи Шоҳигарии Нидерландия бар зидди бемории сил (KNCV) дар татбиқи усули BPaL дар зиёда аз даҳ кишвари дорои сатҳи баланди гирифторӣ ба бемории сили шакли васеъ (XDR) иштирок мекунад.

Гирифторони бемории сил дар Тоҷикистон ба усули нави табобат дастрасӣ пайдо карданд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 144
  • 1,263
  • 841,893