Маҳмадшоҳ Гулзода: Ассистенти ДДТТ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии Kiwie-2020 сазовори медали тилло гардид

Маҳмадшоҳ Гулзода: Ассистенти ДДТТ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии Kiwie-2020 сазовори медали тилло гардид
Феврал 03
13:12 2021

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки соли 2020 ассистенти кафедраи биохимияи донишгоҳ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор-Kiwie-2020, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд.

Ҳамчунин 11 декабри соли 2020 як нафар ординатори клиникии соли  дуюми кафедраи ҷарроҳии кӯдакона дар олимпиадаи байналмилалии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд иштирок намуда, аз ҷарроҳии кӯдакона сазовори ҷойи дуюм гашт.

Ҳамасола кормандон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 се нафар бонувони ихтироъкори  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардида буданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,082
  • 1,168
  • 841,568