СУТ дар бораи коҳиш ёфтани бемории COVID-19 дар ҷаҳон эълон дошт

СУТ дар бораи коҳиш ёфтани бемории COVID-19 дар ҷаҳон эълон дошт
Феврал 16
13:04 2021

Теъдоди сироятёбии нави COVID-19 дар ҷаҳон ҳафтаи панҷум аст, ки тадриҷан кам мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз зимни брифинг директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус (ДАР АКС) изҳор дошт. Брифинг тавассути Twitter пахш гардид.

«Шумораи гирифторони COVID-19 дар саросари ҷаҳон панҷумин ҳафта аст, ки коҳиш меёбад. Ҳафтаи гузашта пас аз моҳи октябр пасттарин шумораи сироятёбӣ давоми ҳафта буд», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар панҷ ҳафта шумораи сироятёбии нав, ки давоми ҳафта ба қайд гирифта мешавад, тақрибан ду маротиба коҳиш ёфтааст.

«Ин нишон медиҳад, ки чораҳои одии тандурустӣ таъсирноканд, гарчанде ки навъҳои нави коронавирус мавҷуданд», — гуфт роҳбари ташкилот.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,115
  • 1,168
  • 841,601