Масъалаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим баррасӣ гардиданд
Феврал 16
16:28 2021

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 имрӯз, 16 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, сардорони як қатор раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки бо мақсади нигоҳдошти солимии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №463 Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 тасдиқ шудааст.

Тавре дар Барномаи мазкур омадааст, фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри XX ва аввалҳои асри XXI инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намудааст.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки ғизо омили аввалиндараҷаи таъмини саломатии инсон қабул гардидааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои дуруст заминаи муҳимми саломатии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти ҳуҷайраю бофтаҳои ҷисми инсон, аз ҷумла саломатию дарозумрӣ, фаъолияти меҳнатии инсон ва сатҳи рушди ояндаи ҷомеа аз ин омил вобастагӣ дорад.

Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024  тамоми табақаҳои аҳолиро фаро гирифта, тавассути беҳтар намудани ҳолати ғизо ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ сатҳи инкишофи вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,011
  • 1,263
  • 842,760