Маъюбон ҳам ба хизмати давлатӣ роҳ меёбанд , — бардошт аз нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатӣ

Маъюбон ҳам ба хизмати давлатӣ роҳ меёбанд , — бардошт аз нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатӣ
Феврал 18
14:24 2021

Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шахсони маъюб тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, Академия тавассути ҳамкорӣ бо  ҷамъияти маъюбон чунин ашхосро барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ҷалб  намуда истодааст. Айни замон дар Академия 24 нафар шахсони маъюбу ятим ба таҳсил фаро гирифта шуда, қариб ҳамаашон дар ин ҷо ним баст фаъолият  мекунанд.

Дар ин бора Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 16 феврал баргузор гардид, хабар дод.

«Барои татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» Люксембург 21 ҳазор евро ҷудо намудааст, ки дар доираи он бо шахсони имконияташон маҳдуд вохӯриҳо гузаронда шуданд. Ба  мақсади ба хизмати давлатӣ роҳ ёфтани  ин қишри фаъоли ҷомеа, Академия бо ҷамъияти маъюбон ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдатро, ки беш аз 60 нобино дорад, бо техника таъмин намуд»,- афзуд  Абдухалил Ғафурзода.

Ёдовар мешавем, ки азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ 26 курс баргузор гардид, аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур 1318 нафар иштирок намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 962
  • 1,168
  • 841,448