Комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни интихоби ширкат барои пайвастшавии интернет, ки бо тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти иловагӣ оиди озмун метавонанд ба суроғаи Ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко 69 муроҷиат намоянд.
Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳркардашуда, бо суроғаи дар боло зикршуда, то соати 10.00 санаи 12 феврали соли 2021 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешаванд.
Лифофаҳо бо пешниҳодоти тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ соати 10.00 санаи 15 феврали соли 2021 кушода мешаванд.