Ҳисор: Боз як бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Ҳисор: Боз як бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Май 18
11:14 2021

Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои тандурустӣ  дар тамоми гӯшаву канори мамлакат босуръат идома дорад.

17 майи соли равон дар деҳаи Арҷинаки Болои ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳии шаҳри Ҳисор аз ҷониби ташкилоти хайриявии Тоҷикистон як бунгоҳи тиббии замонавӣ иборат аз 3 ҳеҷра ба истифода дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бунгоҳи тиббии мазкур ба 60 хоҷагӣ ва 364 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти мазкур хизмат хоҳад расонид.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Маҳз давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар партави таваҷҷуҳ ва дастгириҳои хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат  таъмин гардида, баҳри  таъмини солимии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 911
  • 1,168
  • 841,397