Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои солҳои 2022-2024 баргузор гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои солҳои 2022-2024 баргузор гардид
Июн 01
17:41 2021

Имрӯз, 1 июни соли 2021 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии буҷетӣ бо иштироки аъзоёни гурӯҳӣ корӣ оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои солҳои 2022-2024 баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 Ҷамшед Каримзода ифтитоҳ намуд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, таҳти №116-ф, «Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», бо мақсади самаранок истифода намудани захираҳои буҷетӣ ва ворид намудани банақшагирии молиявии миёнамӯҳлат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, фармоишҳои вазорат аз 22 январи соли 2021 таҳти №72 “Дар бораи таъсиси гурӯҳи кории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таҳияи “Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2024” ва аз 19 феврали соли 2021, №154 «Дар бораи таҳия намудани Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2024» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Тибқи фармоишҳои мазкур ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ, вазифаҳои функсионалии шахсони масъули раёсату шӯъбаҳои вазорат, нақшаи таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ ва Дастурмали методӣ оид ба таҳияи таҳлили сиёсати зерсохторҳо барои дархост намудан оид ба нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт афзун мегардад. Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, таҷдиди сохтории муассисаҳои хизматрасонии  тиббию иҷтимоӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳа, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмир ва азнавсозии муассисаҳо, дастгирии доимии пиронсолону маъюбон, кӯдакони маъюбу бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд мақоми хосаро касб кардааст.

Ҳамзамон, оид ба масъалаи таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои солҳои 2022-2024 муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва мушкилиҳои соҳа ба ҳозирин гузориш дод.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз ҷумла иброз намуд, ки дар давраи пандемияи COVID-19 бо назардошти эҳтимолияти паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ кулли шӯъбаҳои сироятии муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таъмири куллӣ бароварда шудаву муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд. Инчунин, табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати чунин бемориҳои сироятии хавфнок таҷрибаи кофӣ пайдо намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки соҳаи тандурустӣ бештар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, барномаҳои инвеститсионӣ ва қисман аз ҳисоби маблағҳои шарикон оид ба рушд маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳамасола ҷиҳати пешбурд ва рушду нумуи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ афзоиш ёфта истодааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки соҳа, аз  ҷумла маблағгузории соҳаи сил, иммунизатсия, бемориҳои қанд ва фарбеҳӣ, таъмини доруворӣ барои бемороне, ки ҷарроҳии ивази гурдаро гузаронидаанд, бемории гемофилия, таъмини маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ, васеъ намудани доираи муассисаҳои будубоши рӯзона барои шахсони ниёзманд ва дигар бахшҳои муҳими соҳа мавриди  таҳлил ва баррасӣ  қарор дода шуданд.

Инчунин, дар ҷаласа муовинони якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовинони вазири адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, фикру андешаҳои худро нисбат ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 247
  • 1,263
  • 841,996