Чашм узвест, ки 90% маълумоти атрофро мо бо он қабул мекунем

Октябр 13
14:42 2017

Ба хотири ҷалби бештари диққати ҷомеа ба мушкилии шахсони дорои имконияти маҳдуд дар тақвими ҷаҳонӣ рӯзҳои махсус қайд карда шудаанд. Яке аз инҳо “Рӯзи байналмилалии биноӣ” мебошад, ки бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол панҷшанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳон беш аз 300 млн нафар одам аз бемориҳои чашм азият мекашанд, ки аз ин шумора 37 миллионашон  тамоман нобино мебошанд.

Ҷомеаи Тоҷикистон низ аз бемориҳои чашм дар канор намонда чунин маризиҳо ва роҳу усуслҳои табобати он чун дигар кишварҳо зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Мутахассисони соҳавӣ бемориҳои камбинобӣ ё нобиноиро зиёд арзёбӣ менамоянд. Ба иқрори мутахассисон    парда гирифтани чашм  ва гирифтор шудан ба  бемории глаукома,  дар ҳолати баланд шудани фишори чашм омилҳои аслии камбинои ва нобиноӣ мебошад.  Инчунин гуфта мешавад,  дигар бемориҳо низ ба камбинӣ сабаб шуда метавонанд, аз ҷумла бемории қарния, диабети қанд, ҳолатҳои садама ва бемориҳои илтиҳобии чашм.

Ба гуфти мутахассисон сабабҳои гирифторшавӣ ба камбинӣ ё нобиноӣ мухталифанд. Аз ҷумла  бемории  катаракта бештар дар калонсолон   дида мешавад, яъне он пардаи синну солӣ низ номида мешавад.   Инчунин диабети қанд,  шароити номусоиди кор,  радиатсияи нурҳои ултрабунафш сабаби ин беморӣ  шуда метавонанд.  Аммо  бемории глаукома бошад, ирсӣ  аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мутахассисон  сабаби аслии  пайдо шудани ин бемориҳо дар организми инсонро  пеш аз ҳама, аз бепарвоии инсонҳо мебинанд. Ба гуфтаи табибон беморон  саривақт ба мутахассисон муроҷиат намекунанд, инчунин тавсияи духтуронро дуруст ба ҷо намеоранд.

Дар ин замина табибон ба сокинон ва табақаҳои мухталифи ҷомеаи чунин пешниҳод менамоянд; “ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, тавсия дода мешавад, ки дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Ин гуна шахсон бояд реҷаи кориро риоя кунанд, то биноии чашмашон паст нашавад. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми кор бо компютер ҳар як нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то   нурҳои электромагнитие, ки аз компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарари худро нарасонанд. Дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камбинӣ шуда метавонанд. Аз ин рӯ, ба нафарони чашмонашон хира истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани  моҳию ҷигар, ки  аз ин   витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,185
  • 1,168
  • 841,671