Натиҷагирӣ аз Паёми Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Декабр 26
09:43 2017

Чанде қабл бо мақсади натиҷагирӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи кормандони  Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва КВД «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ» баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро Сардори Хадамот Султон Бекмуродзода роҳбарӣ намуда, дар рафти он зиёда аз 70 нафар кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш Султон Бекмуродзода  паҳлуҳои мухталифи Паёми Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки: “Паёми имсола аз паёмҳои пешин фарқи куллӣ дошт. Дар он ҳама паҳлуҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии он аз назари имрӯзи ҷаҳон таҳлил гардида, дурнамои Тоҷикистон барои солҳои наздик муайян гардид”.

Султон Бекмуродзода ҳамзамон баланд шудани сатҳи маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақапулӣ ва идрорпулӣ барои донишҷӯёнро  аз ҳадафҳои хуби Ҳукумати кишвар дар ҳоли бӯҳрони ҷаҳонӣ маънидод намуд.

Дар рафти чорабинӣ инчунин оид ба нуктаҳое, ки дар Паём дар бораи рушди соҳаи фармасевтика, аз ҷумла дорусозӣ ироа гардид, гуфтушунид сурат гирифт.

Чигунае дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст:  «Ҳоло дар мамлакат 32 корхонаи хурди соҳа фаъолият дорад, вале онҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст.Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод менамоям, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад».

Дар рафти ҷасала Султон Бекмуродзода дар ҳошияи андешаҳои боло, ки аз Паём оварда шуд, ибрози назар намуда гуфт, ки бояд ҳама кормандон, ки хизматчии давлатӣ ҳастанд, дар иҷрои вазифаҳо аз худ масъулиятшиносӣ нишон диҳанд.

Вобаста ба гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём, ки омадааст: «Дар Паёми соли гузашта доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда будам. Вале вазъият дар ин самт то баҳол беҳтар нагардидааст.»

Дар ин росто баҳри иҷрои дастур ва супоришҳо, инчунин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта Султон Бекмуродзода гуфт: “Мо бояд барои беҳтар намудани саноати дорусозӣ ва соҳаи фаъолияти фармасевтӣ чораҳо андешем  ва барои ҳалли камбудиҳои ин соҳа талош варзем. Ҳукумати мамлакат имтиёзҳо барои рушди дорусозӣ инак ворид намуд, бояд аз он истифода карда, соҳаи истеҳсоли дорувориро вусъат бахшид”.

Дар рафти ҷаласа ҳамзамон масъулин дастур гирифтанд, ки бо соҳибкорони соҳаи истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва сардорони ширкатҳо мулоқот оид ба нуктаҳои Паём дар масъалаи рушди дорусозӣ гузаронида шавад.

Дар кори ҷаласа инчунин, оид ба дигар нуктаҳои Паём аз ҷумла дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон, тайёр намудан ва имтиёзи корӣ додан ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ, гуфтушунид сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 225
  • 1,263
  • 841,974