Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдори Паёми Пешвои миллатанд

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдори Паёми Пешвои миллатанд
Декабр 26
09:46 2017

Зиёда аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ баъди тамошои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии худро аз иқдомҳои  пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд гардидани муассисаҳои хусусии соҳаи тандурустӣ ва бе боҷи давлатӣ ворид намудани технологияи замонавии соҳаи тандурустӣ иброз намуданд.

Тавре сардухтури Маркази давлатии назорати санитарӣ — эпидемиологии ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Бобоназаров зикр намуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соҳибкорону мутахассисони соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, имконият доданд, ки ба беморхонаҳои хусусӣ ва марказҳои озмоишӣ дастгоҳҳои муосири соҳаи тандурустиро ворид намоянд. Дар ин замина барои мутахассисони ҷавон ҷойҳои нави корӣ пайдо мегарданду миёни муассисаҳои тандурустӣ рақобати солим пайдо шуда, шаҳрвандони бемор дар дохили мамлакат табобат мегиранд. Дар ин сурат дигар барои дар хориҷи кишвар ҷарроҳӣ кардану табобат гирифтан эҳтиёҷ намемонад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 939
  • 1,168
  • 841,425