Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Январ 08
10:02 2018

Имрӯзҳо ҷаласаҳои ҷамъбастии фаълияти сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2017 дар тамоми муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта истодаанд. Ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ва доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор, сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ доир гардида, дар он ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо дар соли 2018 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар ибтидо вазир Насим Олимзода зикр намуд, ки “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем.

Тоҷикистон  дар роҳи  татбиқи ҳадафҳои стратегии худ  ба хотири  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум  бо қадамҳои устувор пеш меравад.  Дар ин раванд масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумату давлат буда, маблағгузорӣ дар ин самт сол то сол меафзояд.

Дар Паёми имсола  Пешвои миллат  қайд намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд.

Аз ин рӯ, моро вазифадор намуданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоем.

Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолият ҷаҳду талош намуда, дар ободиву шукуфоии ватанамон ва оромиву осудагии халқу миллат саҳмгузор бошем.

Пешвои муаззами миллат ҳамчунин қайд намуданд, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Ин иқдом моро водор месозад, ки сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоиро боз ҳам хубтар ба роҳ монем.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода оид ба масъалаҳои интизоми корӣ, сару либоси ягонаи касбӣ, андешидани тамоми чораҳо дар мавсими   зимистон, омодагии ҳмешагии техникаи бехатарӣ ва зиддисухтор, корҳои ободониву кабудизоркунии гирду атрофи муассисаҳо, риояи меъёрҳои санитарию эпидиомологӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, иҷрои саривақтӣ ва  босифати вазифаҳои оинномавӣ, низомномаҳо, дастурамалҳои мансабӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ,  риояи меъёри хӯрока ба бошандагон аз рӯи меъёри тасдиқшуда, истифодаи оқилонаи заминҳои  хоҷагиҳои ёрирасон, ҷаъоварӣ, захира ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш, фаъолияти мунтазами  кори гӯшаҳои гиёҳдармонӣ, истифодаи доимии чой ва нушобаҳои шифобахш, дар соли 2018 дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар робита ба  масъалаи баррасишуда ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  сардорони шӯъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мудирон ва мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуда, вазифаҳо дар соли 2018 муайян карда шуданд.

Дар маҷмӯъ фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ  қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 451
  • 1,263
  • 842,200