Ҷаласаи корӣ оид ба ташкили низоми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Ҷаласаи корӣ оид ба ташкили низоми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ
Апрел 13
11:54 2018

Имрўз бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ  намояндагони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳаммудин Камолзода  бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оѓоз бахшида, қайд намуд, ки бо дастгириву ташаббусҳои хирадмандона ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, сол аз сол рушду такомул меёбад. Ҳамзамон, зикр гардид, қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва дигар қонуну санадҳои дахлдор баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии қишри камбизоати ҷомеа мусоидат менамоянд.

Баъдан, сардори Шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муҳабатова Соима баромад намуда, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»-ро шарҳ дод. Ҳамчунин, сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷўраев Набиҷон ва роҳбари гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» Каримов Ҷамшед суханронӣ намуда, дар бораи низоми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҷумҳурӣ ва раванди татбиқи барномаи ин кумакҳо маълумоту машваратҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Ҷаласаи корӣ бо ироаи пурсишу посухҳо ва машварату пешниҳодҳои намояндагони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои дахлдор ба кори худ хотима бахшид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 260
  • 1,263
  • 842,009