Фаъолияти 18 сартарошхона манъ карда шуд

Фаъолияти 18 сартарошхона манъ карда шуд
Сентябр 26
13:50 2018

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон тибқи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар рӯзи 1-сентябр дар Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз 18 сентябр гурӯҳҳои кориро таъсис дода, фаъолияти сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор дод.

Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати номбурда хабар доданд аз 18 то 24 сентябр фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи ҳусн ва 13 адад ҳуҷраҳои дандонпизишкии шаҳри Бохтар  мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар рафти санҷиш дар коргоҳҳои номбурда камбудиҳои зиёд аз қабили ба талаботҳои санитарию эпидимиологи ҷавобгу набудан, риоя накардани ҳуҷҷатгузориҳои зарури ва нигоҳ доштани маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ошкор ва ба қайд гирифта шуд.

Дар асоси камбудиҳои ошкоршуда фаъолияти 18 коргоҳи сартарошхонаҳо, 7 адад кошонаҳои ҳусн ва 1 адад ҳуҷраи дандонпизишки бинобар ошкор шудани камбудиҳо манъ карда шуд.

Ҳамчунин нисбати 5 нафар табибони ҳуҷраҳои дандонпизишки барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо маводҳои доурвори парвандаи ҳуқуқҷайрокуни тартиб дода шуда ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарибанди карда шуданд.

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмиоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳагоми истифодаи хизмати сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои дандонпизишки аз маводҳои як дафъа истифодашаванда истифода баранд. Ҳамчунин ба муҳлати маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиенӣ диққат бидиҳанд.  Дар сурати пайдо шудани шубҳа ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят идома хоҳанд ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 927
  • 1,263
  • 842,676