Баррасии таъмини маблағгузорӣ ва пардохти ҷубронпулӣ, инчунин кӯмакпулиҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

Баррасии таъмини маблағгузорӣ ва пардохти ҷубронпулӣ, инчунин кӯмакпулиҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат
Октябр 12
14:36 2018

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисии бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи назоратии назди   вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаи зикргардида дар доираи  ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2018 ва татбиқи  нақшаи кории минбаъдаи соҳа сурат гирифт.

Ҷаласаи мазкур бо ҳузури Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Холзода Абдулҳаким Қувват, сардорони муассисаҳои зертобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштрок намуданд.

Дар рафти баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ 3 масъалаи аслӣ мавриди баррасӣ ва таҳлилу муҳокима қарор дода шуд:

  • Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2018 ва вазифаҳо то охири соли 2018.
  • Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019”.
  • Рафти таъини маълағгузорӣ ва пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат.

Баъд аз ҷаласаи назоратии назди   вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2018 ва татбиқи  нақшаи кории минбаъдаи соҳа,  зери роҳбарии Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Холзода Абдулҳаким Қувват ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ин ниҳод дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳо барои минбаъда доир карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва намояндагони кулли  муассисаҳои зертобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ишриток намуданд.

Дар рафти баргузории ҷорабинӣ се масъалаи дар боло зиргардида, мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамзамон риояи интизоми меҳнат, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби коррупсионӣ, техникаи бехатарӣ ва чорабиниҳои зиддисухторӣ, корҳои ободониву созандагӣ, риояи вазъи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ва хурока, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, ҷамъовари намудани маводҳои шифобахш аз масъалаҳои дигаре буданд, ки  дар рафти баргузории ҷаласаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,042
  • 1,263
  • 842,791