Ҷаласаи идона ба муносибати рўйдодҳои таърихӣ дар вазорат

Ҷаласаи идона ба муносибати рўйдодҳои таърихӣ дар вазорат
Ноябр 16
11:57 2018

Имрўз, 16 ноябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати  Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  кушодашавии аввалин агрегати  НБО «Роғун» ҷаласаи идона баргузор гардид.

Мирҳамуддин  Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ин рўйдодҳои таърихӣ ҳозиринро табрик намуд.

Ў аз ҷумла дар бораи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти Тоҷикистон, махсусан, талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои бунёди НБО «Роғун» сухан ронда, ба истифода додани аввалин агрегати онро подоши заҳмат ва талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами миллат номид.

Ёдовар мешавем, ки имрўз аввалин агрегати НБО «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

НБО «Роғун» бузургтарин неругоҳи барқии обӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон дониста мешавад, ки баъди пурра ба истифода додани он Тоҷикистон метавонад ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардад ва ҳамчунин ба кишвари содиркунандаи барқ табдил ёбад.

НБО «Роғун» аз 6 агрегат иборат буда, дар назар аст, ки  агрегати дуюми он моҳи апрели соли оянда ба истифода шавад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 747
  • 1,263
  • 842,496