Паёми Пешвои миллат- роҳнамо ва сармашқи фаъолияти ҳар мутахассиси тиб

Паёми Пешвои миллат- роҳнамо ва сармашқи  фаъолияти ҳар мутахассиси тиб
Декабр 27
08:07 2018

26 декабри соли 2018 дар толорҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои давлатии таълимӣ ва корхонаҳои зертобеи вазорат, новобаста аз шакли моликият, тавассути телевизион тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Кормандони дастгоҳи марказӣ ҳангоми ироаи Паём таассуроти зиёд гирифта, ҳамфикрию садоқатмандии худро ба баҳогузорӣ, даъвату ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ бо кафкўбиҳои зиёд ифода намуданд.

Худи ҳамон рўз пас аз баитмомрасии намоиши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар дастгоҳи марказии вазорат ҷаласаи корӣ гузаронида, дар он кулли иштирокчиён вобаста ба матну мўҳтавои Паём таассуротҳои худро изҳор намуданд.

Аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими паём мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, қайд гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро бояд ҳар як корманди соҳа сармашқи фаъолияти худ карда, ҳамзамон барои соҳаи  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мусбӣ ва ҳамчун фавран таҳияи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар он инъикосёфта супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштҳо аз Паём вобаста ба баҳогузории Президенти кишвар оид ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои дарозумрӣ, коҳиш ёфтани шумораи фавти модарону кўдакон нисбат ба солҳои пешин ва рушди ҳифзи солимии модарону кўдакон, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баён карда шуданд.

Дар ҳақиқат Паёми имсола тамоми дастоварду комёбиҳои соли 2018 – ро дарбар гирифта, ҳамзамон дар он роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ба таври амиқ дарҷ гардиданд. Тавре Сарвари давлат қайд намуданд, «соли 2018 бо рўйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рўзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ба кор андохтани агрегати якуми Нерўгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳалли масъалаҳои дар тўли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон рўйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.     Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дўсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нўҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерўи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Соли ҷорӣ мо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда қадамҳои устувор гузоштем».

Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарбаландӣ, фараҳмандию хушҳолии ҳар як кормандони соҳа гардиданд ва аз матонату ҷасурӣ, ватандўстию инсонпарварӣ, хирадмандию дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Ҳамзамон Роҳбари давлат дар раванди ироаи Паёми худ дар бораи мушкилоту камбудиҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳаёти мардуми Тоҷикистон муфассал қайд намуда, дар баробари таҳлили вазъи соҳаҳо ба самтҳои калидии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ алоҳида диққат доданд.

Аз ҷониби вазир маҳз ба таъкиду тавсияҳои Ҷаноби Олӣ диққати ҳозирин ҷалб гардида, нуктаҳои ишорашуда сатр ба сатр мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Тавре Президенти кишвар қайд намуданд, «камбудиҳо дар масъалаи расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.

Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад.

Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Соли ҷорӣ бо мақсади пурзўр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё мўҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд».

Бо назардошти супоришҳо ва таъкиди қатъии Сарвари давлат ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қонун ва садди устувор гузоштан дар роҳи содиршавии ин гуна қонуншиканиҳо вазир тамоми масъулони соҳаро вазифадор намуда, таъкид карда шуд, ки чунин таваҷҷўҳи ҷиддӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар тамоми ҷомеаи ҳифзи солимии аҳолиро водор месозад, ки бо дарки масъулият тибқи дастури Пешвои миллат дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он бо истифодаи самараноки нерўи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин, ташвиқи онҳо ба донишандўзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа дода, ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурўҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа  шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 729
  • 1,263
  • 842,478