Нишасти матбуотии вазорат

Нишасти матбуотии вазорат
Феврал 08
16:25 2019

8 феврали соли равон нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишаст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинон ва ёрдамчии вазир, роҳбарони раёсатҳо, сардорони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва доираи васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кори нишастро оғоз бахшида, изҳор намуд, ки ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сол то сол маблағгузориро ба ин соҳа бештар менамоянд. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа рӯз то рӯз рушд ёфта, марҳила ба марҳила камбудиву мушкилиҳо бартараф карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилотҳо ва вазифаҳо барои соли 2019, инчунин, дастгирии таҳияи Стратегияи нави солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 заминаи хуб гузошта шуд. Ҳамзамон, дар соли сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ бо иштироки ниҳодҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами ташаккули тарзи ҳаёти солим (30 май), мубориза бо сирояти вируси норасоии масунияти одам (25 – 26 июн), бемории сил (13 – 14 сентябр), зиёда аз 15 мизҳои мудаввар, 20 ҷаласаҳои корӣ, 35 семинарҳои байнисоҳавӣ баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки то имрўз аз оғози фаъолият дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмўъ ба 536 нафар беморон амалиётҳои пайвандсозии гурда ва 33 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар соли 2018 бошад, ба 116 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, инчунин,  ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуданд.

Дар соли 2018 дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, дар умум, барои табобати беморон зиёда аз 95 намудҳои муосири ҷарроҳиҳои нав ворид гардида, дар маҷмўъ 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2017 – 1272), 1434 амалиёти ангиография (дар соли 2017 – 1197) ва 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2017 – 311), инчунин, ба 194 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2017 – 190) гузаронида шуданд.

Ҳифзи сиҳатии модару кўдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ, босифат ва мақсаднок ба занҳои ҳомила, кўдакони норасид ва кўдакони бемор аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон сохтмони Маркази перинаталӣ бо дастгирии Бонки олмонии рушд (KfW) ва бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки он аз рӯи нақша дар семоҳаи аввали соли 2019 ба истифода дода мешавад.

Мувофиқи маълумоти омории соҳавӣ, дар ҷумҳурӣ дар соли 2018 нишондоди фавти кўдакони синни то 1- сола 14,5 дар 1000 зиндатаваллуд (соли 2017 – 16,3) -ро ташкил дод. Нишондоди фавти кўдакони синни то 5- сола бошад, ба 18,2  (соли 2017 – 20,1) дар 1000 зиндатаваллуд баробар гардид.

Нишондоди фавти модарон дар соли 2018 24,0 нисбат ба 100 000 зиндатаваллудро ташкил намуд (соли 2017–24,9). Фоизи истифодабарандагони маводи контрасептивӣ дар байни занони қобили таваллуд бошад, 39,0% ва зоишҳои хонагӣ 3,7%-ро ташкил намуданд.

Таҳлили сабабҳои фавти модарон нишон дод, ки бемориҳои ғайригениталӣ – 28,1%, преэклампсия – 24,0%, хунравии акушерӣ – 22,7%, уфунат – 21,1% ва 4,1%  сабабҳои фавташ номаълум ба қайд гирифта шудаанд.

Дар давоми соли 2018, 134 451 нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 1429 нафар бо зардпарвини вирусии намуди “В”, 198 нафар бо зардпарвини вирусии намуди “С”, 58 нафар бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), 17 нафар бо бемории сил, 13 нафар бо бемории оташак ва 58 нафар бо бемориҳои рўҳӣ дарёфт гардиданд. Ба шахсони бо беморӣ дарёфтшуда баъди табобати соҳавӣ, ба ғайр аз беморони гирифтори сирояти ВНМО, маълумотнома барои ақди никоҳ дода шуд. Шахсони ба ВНМО сироятёфта бо табобати махсуси зиддивирусӣ фаро гирифта шуда, зери назорат қарор доранд.

Дар ҷумҳурӣ, бо дарназардошти муассисаҳои хусусии тиббӣ, зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ, 9 адад маммограф (дастгоҳи компютерии ташхиси ғадуди ширӣ), 7 адад ангиограф (дастгоҳи компютерии ташхиси рагҳо ва ҷарроҳии эндоваскулярӣ), зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои поксозии хун (гемодиализ), зиёда аз 20 дастгоҳҳои ташхиси рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишгоҳӣ тавассути анализаторҳои автоматикӣ, зиёда аз 40 адад дастгоҳҳои эндовидеоҷарроҳӣ, 5 адад ЛОР-комбайн ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд.

Барои беҳтаргардонии заминаи моддию техникӣ, таъмини дастрасии ёрии таъҷилии тиббӣ ва кўмаки аввалияи санитарию тиббӣ, инчунин, гузаронидани ташхисҳои махсусгардонидашуда дар соли 2018 ба муассисаҳои тандурустии кишвар ҳам аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳам бо дастгирии шарикон оид ба рушд зиёда аз 65 нақлиёти санитарию ёрии таъҷилии тиббӣ ва махсусгардонидашуда (мошинҳои сайёри ташхиси флюорографӣ, ташхиси хун ба бемориҳои сироятӣ, рефрижераторҳо), зиёда аз 80 автоклавҳо барои безараргардонӣ, 50 ҳазор тестҳои оҷилӣ, 200 ҳазор маводи контрасептивӣ харидорӣ карда шуданд.

Дар соли сипаришуда 732 адад маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ, маводҳои косметикӣ, синтетикӣ, шустушўи безараркунӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои гомеопатӣ аз қайди давлатӣ гузаштанд.

Бо мақсади пешгирии воридот ва муомилоти маводи дорувории пастсифату қалбакӣ  ва мўҳлатгузашта фаъолияти 746 муассисаи фарматсевтӣ (аз онҳо 221 муассисаи фарматсевтӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) ва 496 муассисаи табобатию профилактикӣ мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.

Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ, табобатию профилактикӣ ва ду анборҳои ғайриқонунии ҷумҳурӣ 5721 номгўи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта, фаъолияти ин анборҳо боздошта шуданд. Аз дорувориҳои гирифташуда 1448 номгўи маводи дорувории мўҳлати истифодабариашон гузашта, 4215 номгўи маводи дорувории бе сертификати мутобиқат, 54 номгўи молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгўнабуда ва аз шаҳрванд 4 номгўй маводи дорувории қалбакӣ дар асоси санад аз муомилот гирифта шудаанд.

Дар ин давра сифати 31707 адад намунаҳои маводи доруворӣ  санҷида шуда, 674 адад намунаҳои онҳо бо сабаби ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгўй набудан аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз онҳо 315 намунаашон дар вақти воридот, 7 намунаи онҳо аз истеҳсоли дохилӣ ва 252 намунаашон аз муомилот ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифта шуда буданд.

Дар соли 2018 бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 160 269 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мўҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сўзонидан несту нобуд карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи моддаи 121 ва 122-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, мансабдор 583 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фарматсевтӣ тартиб дода, ҷамъ ба маблағи умумии 1 243 100 сомонӣ ҷарима гардида, ба буҷети давлат супорида шудааст.

Тибқи дархостҳои комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар давоми соли 2018 дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди онҳо барои оилаҳои камбизоат пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ гардидааст, ба 82174 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 21 884 429  сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пардохт гардида, ба зиёда аз 106 ҳазор хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 2 миллиону 095 ҳазору 580 сомонӣ кўмакпулӣ таъин ва пардохта шудааст. Ҳамзамон,  дар доираи барномаи  таҷрибавии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба зиёда аз 94 ҳазор камбизоат низ кӯмакпулии иҷтимоӣ таъин ва  пардохта шудааст.

Дар нишасти мазкур, ки бештар аз 40 нафар намояндагони расонаҳои давлативу хусусӣ иштирок доштанд, хабарнигорон, асосан ба масъалаҳои сифати хизматрасонии тиббӣ ва муоширати табибон, дастрасӣ ба маълумоти тиббӣ, табобати беморон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, маълумотномаи ташхиси тиббӣ, шумораи гирифторони бемории диабети қанд ва таъмини онҳо бо доруворӣ (инсулин), сатҳу сифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сатҳи касбияти кормандони соҳа, маъюбияти шахсоне, ки бидуни яке аз узвҳо таваллуд шудаанд, рушди тибби фосилавӣ, вазъи сироятёбӣ ва пешгирии шаҳрвандон ба бемории зуком, ташкили қуттиҳои арзу шикоятҳо дар муассисаҳои тандурустӣ, нафақаи маъюбон, ҷарроҳии беморони хориҷӣ дар кишвар, нархгузории маводи доруворӣ, дарёфт ва пешгирии бемории сил, ташхиси магнитию резонансӣ, гинекологияи кӯдакон ва наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигарон ба рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,040
  • 1,263
  • 842,789