Муассисаҳои иммунопрофилактикии Бадахшон бо нақлиёт таъмин шуданд

Муассисаҳои иммунопрофилактикии  Бадахшон бо нақлиёт таъмин шуданд
Феврал 15
15:00 2019

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, боз ҳам пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Дар ин робита 15 феврали соли равон бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, намояндагони созмонҳои хориҷӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ намудани Лоиҳаи АГВИ “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019” маросими супоридани нақлиётҳои хизматӣ баргузор гардид.
Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими супоридани нақлиёт ба муассисаҳои давлатии иммунопрофилактикии шаҳру ноҳияҳо қайд намуд, ки афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсия мунтазам паст карда мешавад.

Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои душворгузари ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва дар чунин шароит дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, аз он ҷумла иммунизатсияи кӯдакон, алалхусус, дар нуқтаҳои аҳолинишини душворгузар маҳдуд аст, бештари нақлиёт ба марказҳои иммунопрофилактикии ноҳияҳои Бадахшон ҷудо карда шуд.
Чуноне ки дар суҳбат бо мо Зафар Азизов, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” гуфт:

“Тибқи рӯйхати тасдиқгардида ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика 3 адад, ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар ВМКБ (шаҳри Хоруғ)-1 адад, марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ванҷ 1 ададӣ, дар маҷмӯъ 10 адад нақлиёти тамғаи “ВАЗ 21214” тақдим карда шуданд. Инчунин, Муассисаи давлатии «Марказҳои ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе, минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақаи Рашт  ва ВМКБ 1 ададӣ, ҳамагӣ 7 адад бо нақлиёти хизматии тамғаи “Газел NEX A21P22-1070” (Рефрижиратор) ва бо 2 адад нақлиёти хизматии тамғаи “Газел NEX A21P22-1070» (Боркаш) таъмин гардиданд”.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки пеш аз супоридани нақлиёти хизматӣ таҳти роҳбарии Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” оид ба пурзӯр намудани фаъолияти соҳаи иммунопрофилактика дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019” ва “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар байни роҳбарони марказҳои иммунопрофилактика ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,036
  • 1,263
  • 842,785