5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки   12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. 

Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   борҳо аз Саразм боздид намудаанд. Бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ  дар мавзеи Саразм болопӯш шуданд.

Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм

 

«Welcome to Baljuvon» — тарғибгари мавзеъҳои нотакрори Балҷувон

«Welcome to Baljuvon»- чунин ном гирифтааст ролики таблиғотии мавзеъҳои нотакрори табиати минтақаи сайёҳии Балҷувон, ки он дар шакли диск ва видеороликҳо ба сайёҳон ва меҳмонон тақдим мегардад. Ин дар ҳолест, ки  соли сипаригардида аз ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон беш аз 8,5 ҳазор сайёҳи хориҷию дохилӣ боздид намудаанд.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сохтмони 375 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла 13 меҳмонхона ба нақша гирифта шуда, 80 фоизи он дар деҳот бунёд мешаванд. Қомат афрохтани иншооти муосир дар маркази ноҳияи Балҷувон симои онро ба куллӣ тағйир дода, барои рушди туризми байналмилалӣ дар минтақа имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.

Мусаллам аст, ки ноҳияи Балҷувон табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонанд барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия истифода шаванд. Бахусус  рушди  намудҳои сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, фарҳангӣ барои ин минтақаи кӯҳистон хос мебошанд.   Бо назардошти он, ки ноҳияи Балҷувон дорои табиати зебои нотакрор, иқлими мусоид ва ёдгориҳои фарҳангиву таърихии қадимӣ мебошад, қаламрави он бо қарори Ҳукумати мамлакат минтақаи туризми байналмилалӣ эълон шудааст.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар ин ноҳия баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуданд.

Инфрасохтори сайёҳии ноҳия сол то сол рушд намуда, айни замон дар ин ҷо 7 меҳмонхона, 4 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 43 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 1 ҳомстей ва як гулгашт мавҷуд буда, ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Соли 2019 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия 1 меҳмонхона ва маркази иттилоотии сайёҳӣ дар деҳаи Пушти Боғи Ҷамоати деҳоти Сари Хосор, 1 меҳмонхона дар деҳаи Аспоғулон, маркази хизматрасонӣ дорои меҳмонхона ва дигар намудҳои хизматрасониҳо барои сайёҳон дар деҳаи Шаҳидон  мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар заминаи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар маҳал давоми соли 2019 курсҳои омӯзишӣ дар байни роҳбаладон дар минтақаи Сари Хосор оид ба намуди туризми шикорӣ гузаронида шуданд.

Ҳамчунин роҳбаладони маҳаллӣ барои забономӯзӣ ба курсҳои забонҳои англисӣ ва испанӣ ҷалб гардиданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд харитаи сайёҳии ноҳияро бо фарогирии 3 хатсайри сайёҳии ноҳия таҳия намуд, ки  ба дӯстдорони сайру саёҳат пешкаш гардонида мешавад. Инчунин  соли сипаригашта бори нахуст дар ноҳия тибқи хатсайри «Корвони сафирон» 40 нафар сафирони муқими Ҷумҳурии Точикистон аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳия ва маконҳои таърихию фарҳангии Балҷувон дидан намуданд.

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон «The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардид

Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон- «The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардид. 

«Мояи хушнудиву сарфарозии мост, ки бо шарофати ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамон мувофиқи сарчашмаҳои хабарии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намуда истодааст. Арзёбии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи The BIZZ Business Excellence Award 2019 шуд», — мегӯяд Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конфедератсияи умумиҷаҳонии тиҷорат WORLDCOB соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро ғолиби ин ҷоиза эълон намуд. Ҷоизаи мазкурро WORLDCOB фаъолияти босамар ва ислоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки тӯли 14 сол WORLDCOB дар байни созмонҳои байналмилалии тиҷорат пешсаф буда, дар беш аз 130 кишвар рушди тиҷоратро пеш мебарад. Конфедератсияи умумиҷаҳонии тиҷорат WORLDCOB ба рушди ширкатҳо ва фаъолияти пурсамари соҳибкорон мусоидат намуда, дастовардҳои онҳоро тавассути ҷоизаи BIZZ ва сертификатсияи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ эътироф мекунад.

Ҳадафи ин созмон ҳавасмандкунӣ ва дастгирии ширкатҳо тавассути эътирофи сатҳи аълои тиҷорат, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нави тиҷорӣ барои аъзо ва ташаккули фарҳанги масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошад.

Зиёда аз 3000 ширкат аз зиёда аз 130 давлати дунё узви WORLDCOB мебошанд. Дар 14 соли охир ин ширкат дар саросари ҷаҳон беш аз 100 маросим баргузор кардааст.

Бояд гуфт, ки маросими ҷоизасупории мукофоти навбатии BIZZ дар шаҳри Лиссабони Португалия 23-24 майи соли 2020 баргузор мешавад.

Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи мамлакат дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ин омил барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва камназиранд. Дар ин робита, пеш аз ҳама ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ва низоми содакардашудаи дастрас намудани раводид, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон ном бурд. Механизми дастрас намудани раводиди электронӣ имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ соли 2018 низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Ду сол муқаддам  Пешвои миллат  дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум соли 2018-ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  намуданд.

Воқеан ҳам аз ҷониби  Сарвари давлат  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чунин изҳор намуда буд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон сабаб мегардад, миннатдорам. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ ва истифодаи неруи сайёҳии мамлакат  қадамҳои устувор гузошта истодааст ва соҳаи мазкур солҳои наздиктарин ба яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум табдил хоҳад ёфт».

Гуфтаҳои Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвилӣ дар ҳолест, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли дигар — солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд, ки ҳадаф рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ба давлати туристӣ табдил додани Тоҷикистон аст, ки дорои захираю имконоти бои туристӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки оғози соли 2019 Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст.

Нишондиҳандаҳои асосӣ барои таҳияи раддабандӣ эҳтимоли пайдо шудани низоъҳои ҳарбӣ, сатҳи таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ интихоб шудаанд.

Инчунин дар рӯзҳои аввали соли 2019  рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон дар соли 2019 тавсия медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки  Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб ва мафтун намудааст.

Моҳи ноябри соли равон Маркази таҳлилии амрикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст.

Дарвоқеъ, натиҷаи тадқиқоти чунин як маркази таҳлилии ҷаҳонӣ барои ҳар давлат хеле муҳим дониста мешавад. Зеро дар шароити пурихтилофи вазъияти муосир, авҷи фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва тундрав, ки ҳамарӯза метавонанд хатар эҷод кунанд, дар сатҳи қобили таваҷҷуҳ таъмин кардани амнияти шаҳрвандон ва меҳмонон нишондиҳандаи кори шоистаи мақомоти амниятӣ ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Соли 2019 зиёда аз 30 ҳазор сайёҳ аз ноҳияи Ховалинг дидан намуданд

Давоми соли 2019 ба ноҳияи Ховалинг 30 ҳазору 277 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.«Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориҳоро бо мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда, муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи он ба дӯстдрони сайру саёҳат пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳад», — зикр менамоянд масъулини Кумита.

Дар заминаи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 бо дастгирии Кумита бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои муайяне дар самти тарғиби имкониятҳои ноҳия ташкил ва гузаронида шудаанд.

Аз ҷумла, ҷаласаи Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии ноҳияи Ховалинг гузаронида шуда, ду маркази иттилоотии сайёҳӣ бо номҳои «Сайри мунк» дар Осорхонаи маркази ноҳия ва «Роҳи Абрешим» дар ҳостели «Сайри мунк» ташкил карда шуданд.

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа харитаи сайёҳии ноҳия таҳия гардида, он дар даромадгоҳи ноҳия, инчунин дар 11 мавзеи таърихию фарҳангӣ ва меҳмонхонаҳо насб карда шудааст.

Давоми соли 2019-ум 7 хатсайри сайёҳии экологию таърихӣ ба ноҳия ташкил карда шуда, дар портали миллии сайёҳӣ ва дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи «Туризми Ховалинг» тарғиб карда шуданд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони «Корномаи Восеъ» хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Хатсайри сайёҳии «Корномаи Восеъ» натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар ноҳияи Ховалинг буда, ба рушди сайёҳӣ дар ин минтақа равона шудааст. Хатсайри мазкур 2 шабу 3 рӯзро дар бар гирифта, шаҳрвандон метавонанд ҳам гурӯҳӣ ва ҳам фардӣ саёҳат намоянд.

Тибқи хатсайр сайёҳон аз Душанбе тавассути ноҳияи Данғара аз мавзеъҳои қалъаи «Мири Балҷувон», бошишгоҳи одамони асри санг дар деҳаи Кулдара, маъбади Буддои деҳаи Чепол (Чепи вол), «Чил чанор», «Чашмаи Қазон», мақбараи «Хоҷа Аюби Ансорӣ», осорхонаи марказии ноҳияи Ховалинг, осорхона ва зодгоҳи Восеи қаҳрамон дар деҳаи Дараи Мухтор, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан менамоянд.

Ҳамчунин, бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ ролики таблиғотии ноҳия зери унвони “Welcome to Khovaling” таҳия гардида, дар намуди диск, видеороликҳо ба сайёҳон ва меҳмонон тақдим қарда шуд.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Ховалинг соли 2019-ум 3 меҳмонхонаи замонавӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳои “Султон”, “Чилчанор” ва 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, амфитеатр, осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар Дараи Мухтори ноҳия бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ноҳия тибқи хатсайри “Корвони сафирон” 40 нафар сафири муқими Ҷумҳурии Точикистон аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳия ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан намуданд.

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ веломарафон, ҷип-тур ба ноҳия тибқи хатсайри Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг доир карда шуд, ки дар он 50 нафар дӯстдорони саёҳат ширкат варзида, аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тамошо карданд.

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Заргарони ин шаҳри қадимӣ 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳо месохтаанд

Аз ковишҳое, ки бостоншиносон дар Саразм анҷом додаанд, муайян гардидааст, ки заргарони ин шаҳри қадимӣ  33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳоро месохтаанд. Аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9-то, лоҷувардӣ 6-то, фирӯзагӣ 7-то намудҳои гуногуни марҷонҳо дарёфт шуданд. Ин бар он аст, ки гарчанде заргарон дар зинаи аввали инкишофёбии ҳунар истода бошанд ҳам, бо дастгоҳҳои одӣ асрори санъати коркарди сангҳоро дарёфта будаанд.

Бозёфтҳои заргарӣ, аксаран марҷону бозубандҳо мебошанд. Онҳо ҳамчун зебу зиннат дар тӯли садсолаҳо аз авлод ба авлод мерос монда истифода шудаанд.

Доир ба ҳунармандии саразмиён мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломзода  чунин  гуфт:

Таърих гувоҳ аст,  ки дар ҳазорсолаҳои VII-VI пеш аз милод ҷамъияти инсонӣ ба сохтани баъзе намудҳои шаъбаҳо, марҷонҳо, бозубандҳо сар карда буд. Пас метавон гуфт, ки ҳунари ороишии инсон аз оғози таърих пайдо шудааст. Ороишот аз гӯшмоҳичаҳои баҳрӣ, дандонаҳои хуку хирс, сангҳои хушнамуди кӯҳӣ ва дарёӣ, баъзе намудҳои меваҳои ёбоӣ иборат будаанд. Мардуми Саразм 15 намуд ҳунарҳои дастиро ба хубӣ аз худ карда буданд. Кулолгарӣ, маъдангудозӣ, меъморӣ, сангтарошӣ, чармпазӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, дӯхтани пойафзолу сару либос, палосу бӯрёбофӣ, рангтайёркунӣ, наққошӣ, заргарӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.

Аз ҷониби муҳаққиқони бостоншинос исбот шудааст, ки ҳунармандони Саразм истеҳсоли ашёи заруриро тарзе ба роҳ мемонданд, ки аз як тараф, талаби оила ва қабилаи худро таъмин созанд  ва ҳам  дигар моли зиёдатиро ба одамони касбу кори дигар бо маҳсулоти зарурӣ иваз кунанд. Ҳунармандӣ касби қадимист, онро яке аз омилҳои ҳалкунандаи иқтисодиёт ҳисобидан мумкин аст.

Бозёфтҳо гувоҳанд, ки масолеҳи асосии заргарони шаҳраки Саразм намудҳои гуногуни сангҳои хушнамуд: булӯр, ҷаз, ақиқ, лоҷувард, фирӯза, санги Сулаймон, яшма, фулузи мис, биринҷ, қурғошим, нуқра ва тилло буданд. Баъзан сипари гӯшмоҳӣ, устухони ҳайвонҳои хурду калонро низ истифода мебурданд. Сарчашмаҳои онҳо далеланд, ки ҳунармандон аз чунин ашё танқиcӣ намекашиданд, зеро қариб ҳамаи намудҳои онҳо то ҳол дар кӯҳҳои Зарафшон, Суғд ва Ҳисор маҳфузанд. Баробари ин робитаи тиҷоратӣ ва ивази мол байни қабилаҳо аз баҳри Арал то Бадахшон паҳн шуда буданд.

Дар шаҳраки Саразм пайдо намудани лоҷуварди Бадахшон, ақиқу гӯшмоҳиҳои Ҳиндустону Балуҷистон ва соҳили уқёнуси Ҳинд, Эрон далели онанд, ки ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои IV-III дар кишварҳои Шарқ робитаи байниҳамдигарии одамон хеле инкишоф ёфта буд.

Донистани сирру асрори ҳунару ҳунармандии аҷдодону ниёгон –худшиносии миллӣ мебошад. Дар замони мо заргарон аксарият корҳои худро бо дастгоҳҳои барқӣ ва чарху арраҳои механикӣ ба ҷо меоранд. Дар Саразм заргарон онро дастӣ бо олоти одитарин ба ҷо меоварданд. Имрӯз шояд бовар кардан душвор бошад, ки сангро бо санг мебуриданд ва ҳатто шикоф мекарданд. Ашёи дигари заргарон маъданҳост.

Дар Саразм қариб 100 дона марҷонҳои нуқрагин ва тиллогин дарёфт шуданд. Марҷонҳо гуногуншакл буда, аз ҳунари баланди заргарӣ дарак медиҳанд.

Аз ковишҳои археологии Саразм, ки оғози зиндагӣ дар ин ҷо ба охири замони неолит рост меояд, миқдори зиёди олоти ресандагиву бофандагӣ, ба монанди урчуқҳо, мокуҳо, пояи чархҳои ресандагӣ ва сангҳои гуногунвазни хоси бофандагӣ ёфт шуданд.

Тахмин меравад, ки ин корҳои бофандагиро асосан занону духтарон иҷро мекарданд. Албатта, пашм ҳамоно баъди аз бузу гӯсфанд тарошидан якбора ресида намешавад. Онро мешустанд, мехушконданд, покиза мекарданд. Ин кори занони кордида буд. Дар ресидани риштаҳои пашмӣ қариб ҳамаи аъзои қобили меҳнати оила иштирок мекарданд. Аз калобаҳои пашмӣ бофтани матову палосҳоро, албатта, зану мардҳои соҳибкасб ба зимма мегирифтанд, зеро ин кор маҳорати баланд талаб мекунад. Корҳои рангкунӣ ва омода намудани дастгоҳҳои бофандагиро марду занҳои калонсол анҷом медоданд. Азбаски ягон намуди осори либоси саразмиҳо дарёфт нашудааст, оид ба шакли онҳо чизе гуфта намешавад. Вале аз рӯи осори дастраси санъати Мисри қадим, Шумер ва Аккад, ки дар деворнигорҳову рӯи тобутҳо акс ёфтаанд, метавон гуфт, ки либосҳои одамони қадим ба табъи эстетикии онҳо хос, яъне гуногунрангу васеъ буданд.

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 754
  • 1,172
  • 833,426