Вазир:

АБДУЛЛОЗОДА Ҷамолиддин  Абдулло

АБДУЛЛОЗОДА Ҷамолиддин  Абдулло 9-уми декабри соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро  соли 1989 онро хатм намудааст.

Аз соли 1989 то соли 1990  ба ҳайси   интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе  фаъолият намудааст.

Аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1992-1998    ҳамчун табиб- ординатори  шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Солҳои 1998-2008   дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи  клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ва солҳои 2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе  адои вазифа намудааст.

Солҳои 2002-2004 ба ҳайси ассисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2008-2014 ҳамчун профессори кафедраи мазкур, инчунин  ба ҳайси мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014  дар вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ   кор кардааст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.

Бо Медали Шафқат (соли 2009), Унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

Аз 17-уми марти соли 2017 то 5 майи соли 2020 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Муовини якуми вазир

МУҲСИНЗОДА Ғафур Муҳсин

Муҳсинзода Ғафур Муҳсин 5 майи соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои тиб.

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1981 ба ҳайси  бародари шафқати Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5-и шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

Солҳои 1984-1986 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.

Солҳои 1986-1990 ҳамчун корманди шӯъбаи ҷарроҳии рақами 5-и Беморхонаи клиникии шаҳрии № 5-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Давоми солҳои 1990-1992  ҳамчун мудири шӯъбаи ҷарроҳии №6-и Беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 5-и шаҳри Душанбе адои фазифа намудааст.

Аз соли 1992 то соли 1997 мудири шӯъбаи ҷарроҳии № 6-и Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгузар буд.

Солҳои 1997-2008  дар вазифаи Директори Маркази ҷумҳуриявии худидоракунии илмӣ-таълимӣ ва истеҳсолии ҷарроҳии барқароркунӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 2004-2006 ҳамчун Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2008 ба ҳайси мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмиллалии Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  адои вазифа намудааст.

Солҳои 2008-2018  ҳамчун Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2018 то  15 майи соли 2020 Сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  фаъолият намудааст.

Соли 1988 Лаурети мукофоти комсомолии ленинӣ ва   соли 2009 бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ мебошад.

Аз 15 июни соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Муовини вазир

Шодихон Ҷамшед

Шодихон Ҷамшед  22 марти соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, духтури табобатӣ ва иқтисодчӣ, номзади илмҳои тиб  мебошад.

Соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи  академик М. Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Солҳои 1985-1988 ба ҳайси духтури ҷарроҳ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда, солҳои 1988-1992 ҳамчун ҷарроҳи асаби Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1995 ҳамчун ҷарроҳи асаби беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор ва фаъолият намуда, аз соли 1995 то 2002  дар вазифаи мудири шуъбаи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳи асаби Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолияти меҳнатиашро давом додааст.

Аз соли 2002 то соли 2008 ҳамчун сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда ва солҳои 2008-2009 сардори Раёсати тандурустии ВМКБ кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи  раиси ноҳияи Шуғнон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси ВМКБ кор ва фаъолият намудааст.

Аъзои ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроияи Дастгоҳи марказии ҲХДТ мебошад.

4 маротиба вакили Маҷлиси  вакилони халқи ВМКБ (даъвати II, III, IV, V) интихоб гардидааст.

Аз соли 2013 дар ду даъват (IV ва V) узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Раиси  Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 23 ноябри соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ба унвони Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали  20-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовини вазир

Зулфия Абдусамадзода

Зулфия Абдусаматзода 1 декабри соли 1969 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои тиб.

Солҳои 1987-1993  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардааст.

Аз соли 1993 то 1994 аз рӯи интернатураро бо ихтисоси акушер-гинеколог дар шӯъбаи таваллуди Маркази тиббии шаҳрии №1 хатм намудааст.

Аз соли 1996 то 2003 дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба ҳайси акушер-гинеколог фаъолият намудааст.

Солҳои 2003-2006 ба ҳайси мудири шуъбаи таваллуди Маркази тиббии шаҳрии №1 кор кардааст.

Аз соли 2014 то соли 2020 ҳамчун муовини директор оид ба ёрии тиббии таваллудии Маркази тиббии шаҳрии №1 адои вазифа намудааст.

15 июни соли 2020  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.

Муовини вазир

Амирзода Абдухолиқ Амир

Амирзода Абдухолиқ Амир 27 ноябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш духтури санитарӣ, эпидемиолог мебошад.

Мавсуф солҳои 1982-1988 Донишгоҳи олии тиббии шаҳри Харкови кишвари Украинаро хатм намудааст.

Солҳои 1988-1999 дар вазифаи муовини Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон кор кардааст.

Давоми солҳои 1999-2004 ба ҳайси муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз соли 2004 то соли 2014 директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2014-2017 дар вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Аз  17 январи соли 2017 то 4 июли соли 2021 ба ҳайси директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз 5 июли соли 2021,  №280 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор  26 июни соли 1968 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ,  доктори илмҳои дорусозӣ, профессор, академики АИҶТ.

Соли 1992 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Соли 2009 Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷери соҳаи тандурустӣ хатм кардааст.

Солҳои 1992-1995 ба ҳайси ассистенти кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисоди дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст.

Соли 1995 як муддат  сардори шӯъбаи дорутайёркунии фабрикаи дорусозии шаҳри Душанберо бар уҳда дошт.

Солҳои 1995-1996 дар вазифаи сардори Сарраёсати тафтишоти давлатии доруворӣ ва таҷҳизоти тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1996-1999 дар вазифаи раиси Кумитаи “Тоҷикдорусаноат”-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатияшро идома додааст.

Солҳои 1999-2002 муовини аввали раёсати дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон  буд.

Давоми солҳои 2002-2005 дар вазифаи сардори шуъбаи фарматсия ва техникаи тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2008 ба ҳайси декани факултети фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор кардааст.

Солҳои 2008-2014 ҳамчун сардори Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фарматсевтии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Солҳои 2014-2018 сардори Раёсати  таҳсилоти илм ва тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2018-2020 муовини ректор оид ба корҳои илм ва нашрияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” кор кардааст.

Аз моҳи феврал то моҳи июли соли 2020 ҳамчун ёрдамчии Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 7 июли соли 2020 то кунун дар вазифаи Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодааст.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Набиев Зоир Нарзуллоевич – 18 июли соли 1962 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумот олӣ, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз моҳи январи соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ 30 сол.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷафаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич 3 марти соли 1975  дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё  омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, собиқаи корӣ 24  сол.

Соли 1998 факултаи тиби профилактикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо тахассуси табиби беҳдорӣ, беҳдоштӣ ва вогиршиносӣ хатм намудааст.

Аз соли 1998 то  соли 2000  ба ҳайси Ассистенти кафедраи “Эпидемиология”-и барои факултаи тиби профилактикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор кардааст.

Солҳои 2000 -2003 хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Муовини сардори Сармаркази назорати санитарию эпидемиологии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардааст.

Давоми солҳои 2003 -2004   ҳамчун Мудири шӯъбаи гигенаи коммуналии Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2004 то соли 2007 ҳамчун Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатияшро идома дод.

Аз соли 2007 то  соли 2008  Сармутахассиси Шӯъбаи санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Баъдан, аз соли 2008 то соли 2011   ҳамчун Сардори Раёсати назорати давлатии эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ кор кардааст.

Давоми солҳои 2011-2014  дар вазифаи Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 то соли 2017 ҳамчун Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатияшро идома додааст.

Соли 2017 дар вазифаи Ходими илмии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” кор кардааст.

Аз соли 2017 то соли 2018   дар вазифаи Менеҷери Гурӯҳи татбиқкунандаи лоиҳаи мубориза бар зидди сили Хазинаи глобалии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷаи назди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил” фаъолияти меҳнатияшро идома додааст.

Аз соли 2018 то соли 2020 Мудири Шӯъбаи рушди усулҳои нав ва технологияҳои инноватсионии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” буд.

Аз 25 майи соли 2020 то 10 октябри 2020 ҳамчун Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ адои вазифа намудааст.

Аз 2 октябри соли 2022 то инҷониб дар вазифаи Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ дорад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ мебошад.

Бо унвонҳои “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва як қатор ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бандаев Илҳомҷон Сироҷидинович 28-уми майи соли 1974 дар ш.Душанбе ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои тиб.

Соли 1997 Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абалӣ ибни Синоро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Солҳои 1997-1999 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба ҳайси ординатори клиникӣ хатм кардааст.

Давоми солҳои 1999-2002 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ҳамчун аспирант кори илмӣ намудааст. Пас аз хатми аспирантура мушовир оид ба масъалаҳои таълим дар Лоиҳаи таҷдиди соҳаи иҷтимоӣ (Лоиҳаи Бонки осиёии рушд №1705-ТAJ (SAF)  кор кардааст.

Солҳои  2002-2004  дар вазифаи ассистенти кафедраи тибби оилавии  Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2004 ба ҳайси сармутахассиси Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ таъин шуда, дар ин вазифа то соли 2007 фаъолият намудааст.

Аз соли 2007 то соли 2013 дар вазифаи сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ кор кардааст.

Аз соли 2013 то соли 2015 дар вазифаи офитсери Гурҳи ҳамоҳангсозии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва амалисозии «Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ» фаъолият намудааст.

Аз соли 2015 ба ҳайси офитсери Гурҳи ҳамоҳангсозии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии «Лоиҳаи таҳкими системаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ» кор кардааст.

Аз соли 2015 то моҳи июли соли 2020  дар вазифаи директори Муассисаи давлатии  «Маркази чумхуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  намудааст.

Соли 2003 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи “Мукаммалсозии ташхис ва табобати садамаи пушидаи кафаси сина” ва соли 2013 рисолаи докториашро дар мавзӯъи “Мукаммалсозии таҳсилоти муттасили мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самаранокии он” ҳимоя намудааст.

Номбурда муаллифи зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ, 4 монография ва зиёда аз 15 дастуру тавсияҳои методию клиникӣ мебошад.

Сазовори унвонҳои «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ», ифтихорномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС) гардидааст.

7 июли соли 2020 Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулазизов Салим Холмуродович – 21 январи соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1990 Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз моҳи августи соли 2008 дар мансаби сардори Раёсати фарматсия ва молхои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 24 сол.

Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарифов Зайнулло Аъзамович 7 августи соли 1985 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст, маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Аз моҳи апрел то моҳи октябри соли 2009 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии тибби оилавӣ» кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2009 то моҳи апрели соли 2013 дар мансаби мутахассиси пешбари Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустии Вазорати тандурустӣ кор кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2013 то 10 майи соли 2020 дар мансаби сармутахассиси Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  фаъолияти меҳнатияшро идома додааст.

10 майи соли 2020  сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  таъйин гардид.

Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонов Қудратулло Бобихолович 19 июни 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоти олии филолог, шарқшинос, иктисодчӣ, менеҷер. Соли 1991, Донишгоҳи давлатии Точикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи марти соли 2014 дар мансаби сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Сардори Шӯъбаи кадрҳои  Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзоалиев Назрулло Талбакович – 5 июли соли 1977 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз 4 августи соли 2015 дар мансаби сардори Шӯъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 16 сол.

Сардори Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эсанов Абдухалил Тағайбекович 5 сентябри соли 1967 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст, маълумоташ олӣ. Ихтисос, ҳисоби бухгалтерӣ, назорат ва таҳлили хоҷагидорӣ, ҳуқуқшинос.

Соли 1995 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва соли 2008 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро ғойибона хатм намудааст.

Солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  адои хизмат намудааст.

Аз моҳи марти соли 1990 то моҳи июли ҳамин сол дар вазифаи муҳосиби молу ашёи Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик кор кардааст.

Солҳои 1990-2002 дар вазифаи муовини сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик  адои вазифа намудааст.

Солҳои 2002-2003 ҳамчун мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба ҳисоби музди меҳнат кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2003 то моҳи апрели соли 2017 сармуҳосиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе буд.

Аз 17 апрели соли 2017 то моҳи майи соли 2020 дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии  “Истиқлол” кор кардааст.

20 майи соли 2020 Сардори Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Сардори Шӯъбаи коргузорӣ ва назорати дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фахриддини Изатулло  12 декабри соли 1990 дар деҳаи Обшорони  шаҳри Ҳисор  таввалуд шудааст.

Соли 2008 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии миёнаи №54-и деҳаи Обшорони шаҳри Ҳисорро  хатм намуда, ҳамон сол ба  факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 ба итмом расонидааст.

Аз моҳи феврали соли 2015  ҳамчун мутахассиси Шӯъбаи коргузорӣ ва назорати дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро шурӯъ намуда, аз моҳи феврали соли 2016  ба ҳайси мутахассиси пешбари  шӯъбаи мазкур адои вазифа намудааст.

Аз 21 сентябри соли 2020  ҳамчун сардори Шӯъбаи коргузорӣ ва назорати дастгоҳи марказии вазорат таъйин гардид.

Соли 2019 бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст      Оиладор, соҳиби  3 фарзанд мебошад.

Сардори Шӯъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафаров Файзалӣ Савзаевич – 15 марти соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз моҳи июли соли 2008 то моҳи июни соли 2020 дар вазифаи сардори Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

8 июни соли 2020 Сардори Шӯъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то  кунун дар ин вазифа  фаъолият менамояд. Собиқаи корӣ – 32 сол.

Сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимова Рано Абдураҳмоновна – 14 ноябри соли 1973 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2013 ба ҳайси Сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 23 сол, аз он 14 сол дар хизмати давлатӣ.

Сардори Шўъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва кўмаки фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кўмаки фаврии тиббӣ

Абдулҳақов Шамсулло Ҳабибуллоевич 28 ноябри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, собиқаи корӣ 25 сол.

Соли 1999 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси табиби кӯдакона хатм намудааст.

Солҳои 1999-2000-ум курси интернатураро дар кафедраи «Бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул»-и Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон гузаштааст.

Давоми солҳои 2000-2001 фаъолияти меҳнатияшро ба њайси табиби кӯдаконаи Маркази барқарорсозии байниноҳиявии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон давом дода, аз соли 2002 то соли 2006 ҳамчун табиби минтақавии Маркази саломатии шаҳрии №3 (собиқ Дармонгоҳи шаҳрии №2)-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2006-2008 дар вазифаи Мудири амбулаторияи тибби оилавии «Бӯстон»-и Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Баъдан, аз соли 2008 то 2009 ҳамчун табиби бемориҳои пӯст ва узвҳои таносули Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти намудааст.

Давоми солҳои 2009-2010 ҳамчун мутахассиси пешбари Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2010 то соли 2012 дар мансаби сармутахассиси шӯъбаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2012 то 2015 дар мансаби мутахассиси пешбари Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Аз соли 2015 то соли 2021 фаъолияти меҳнатияшро ҳамчун сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосири дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.

Моҳи январи соли 2021 ба мансаби сардори Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то ҳол фаъолияти меҳнатӣ дорад.

Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии 15 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии 25 солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» ва як қатор ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

 

Сардори Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии Раёсати хифзи ичтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаббатова Соима Маҳмадҷоновна 5 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоти олии омӯзгорӣ. Соли 1989 Донишгохи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аз моҳи декабри соли 2014 сардори Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии Раёсати хифзи ичтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Сардори Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рабиев Шералӣ Маҳмадалиевич 4 августи соли 1984 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумот олии таърихшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ. Соли 2006 факултаи таърих ва соли 2011 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст.  Аз моҳи октябри соли 2012 дар вазифаи Сардори Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 10 сол.

Мудири Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи  дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Аминов Обидҷон Тоҳирович  13 майи соли 1969 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, номзади илмҳои тиб.

Соли 1994 факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Солҳои 1987 – 1989 дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1994 – 1995 дар кафедраи ҷарроҳӣ, беҳисгардонӣ ва эҳёгарии кӯдаконаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси беҳисгардон – эҳёгари кӯдакона таҳсил кардааст.

Аз моҳи августи соли 1995 то моҳи январи соли 2003 ба ҳайси табиби эҳёгари кӯдаконаи шӯъбаи эҳёгарии Маркази тибби шаҳрии ш.Душанбе ва аз моҳи январ то моҳи майи соли 2003 ба ҳайси муовини директори МТШ оид ба кӯдакон фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2003 то моҳи январи соли 2007 дар вазифаи мутахассиси пешбари Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2007 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи коргузорӣ ва назорати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас аз моҳи декабри соли 2008 то моҳи апрели соли 2013 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дар як вақт аз моҳи январи соли 2007 то моҳи апрели соли 2013 вазифаи котиби мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудааст.

Моҳи сентябри соли 2011  рисолаи номзадии илмҳои тибро ҳимоя намуда, муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ аст ва дар таҳияи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, нақшаҳои миллӣ, стратегия ва барномаҳо оид ба ҳифзи солимии кӯдакон ва наврасон иштирок намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2013 то моҳи феврали соли 2017 дар вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона» оид ба корҳои муолиҷавӣ ва аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» оид ба корҳои ташкилию дастурӣ  фаъолият намудааст.

Аз моҳи  январ то моҳи июли соли 2020   дар вазифаи Сардори Раёсати ислоҳот, кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор кардааст.

Аз 7 июли соли 2020 Сардори Шӯъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи  дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Собиқаи корӣ 26 сол.

Мудири Бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Юнусова Дилрабо Зокирҷоновна – 13 июли соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз декабри соли 2014 мудири Бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 17 сол.

Мудири Бахши котиботи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоҷаева Азиза Раҳматовна  -9 феврали соли 1964 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Аз 25 моҳи феврали соли 2010 то моҳи июли соли 2020 дар вазифаи сардори Шӯъбаи ҳифзи сиҳатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор  кардааст.

Аз 7 июли соли 2020 ба вазифаи мудири Бахши котиботи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъйин гардид.

Собиқаи корӣ – 27 сол.

Мудири Баши хизматрасониҳои иҷтимоии Раёсати хифзи ичтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Юсуфзода Фахриддин 5 майи 1963 дар ноҳияи Ҷ. Расулов таваллуд шудааст. Маълумоти олии омӯзгорӣ. Соли 1984 Институти давлатии педогогии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 2014 дар мансаби мудири Бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзоев Эмомалӣ 22 апрели соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби миёна соли 2012 ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2016 бо ихтисоси ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷати идорӣ хатм намудааст.

Мавсуф ҳангоми донишҷӯи бо Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо” ҳамкорӣ дошт ва пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси наттоқ дар телевизиони мазкур фаъолияти меҳнатияшро оғоз намуд.

Соли 2017 ба ҳайси рӯзноманигор ва баъдан  дар вазифаи мудири шӯъбаи  таҳлил, иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва рушди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  кор кардааст.

Аз 13 майи соли 2020 аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

 

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 735
  • 1,172
  • 833,407