Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгўи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
  2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 180 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 95 воҳид муқаррар карда шавад.
  3. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
  4. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 7 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.
  5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои системаи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
  6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 186 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”, аз 1 октябри соли 2008, № 483 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ” ва аз 29 декабри соли 2012, № 776 “Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ” аз эътибор соқит дониста шаванд.
  7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ санадҳои ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
  8. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2017 № 597

ш.Душанбе


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 13 январи соли 2018 №17
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Хадамоти назорати давлатии
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Бекмуродзода С.Б.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бекмуродзода Султон Бекмурод Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 837
  • 1,172
  • 833,509