Маҷлиси намояндагон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд

Маҷлиси намояндагон Созишномаи маблағгузорӣ оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд
Апрел 08
12:50 2020

аҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Созишномаро дар ҷаласа Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шарҳ дод.

Зикр гардид, ки Созишнома 3 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

«Ҳаҷми маблағи ҷалбшавандаи Созишнома 11,3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд анҷом дода мешавад»,- афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ба иттилои Вазир, лоиҳаи гарнтии пешниҳодгардида аз чор қисмат иборат буда, мушаххасан амалӣ гардидани як зумра тадбирҳои муҳимро дар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки тақвияти иқтидори соҳаи тандурустии мамлакат дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне харидории таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақали 100 кати нав ва харидорӣ намудани дигар маводи мавриди ниёзи аввал барои мубориза бо пандемияи COVID-19 яке аз ҳадафҳои лоиҳа мебошад.

«Амалӣ намудани чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи COVID-19 дар мамлакат, бахусус тадбирҳо вобаста ба омодагии ҷомеа бар зидди ин вирус, расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ҳадафҳои дигари лоиҳа мебошанд», — зикр шуд дар ҷаласа.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа дар давраи солҳои 2020-2021 ҳадафи ниҳоии лоиҳа мебошад.

«Ҳоло  дар баробари ба мувофиқа расидан бо Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби маблағҳо ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои молиявӣ идома доранд ва итминон дорем, ки маблағҳо барои мубориза бо ин вирус боз дарёфт хоҳанд шуд»,- афзуд Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки татбиқи саривақтии Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имкон медиҳад, ки тадбирҳои зикргардида дар фурсати кӯтоҳтарин амалӣ гарданд.

Бо назардошти муҳимияти масъала бо ҷонибдории кулли вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома тасдиқ гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 25
  • 117
  • 344,717