Аз 1 то 10-уми августи соли равон бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ зери шиори «1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат» дар назар дошта шудааст.
Мақсад аз рӯи даст гирифтани чунин иқдом бардоштани савияи дониши маърифатӣ-санитарии аҳолӣ, таъмини иштироки бевоситаи мардум дар амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон дар чорчубаи татбики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.
Дар рӯзҳои таҷлили чорабинии мазкур семинарҳои омузишӣ ва таълимӣ дар мавзуи: «Аҳамияти шири модар» дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, тасмим гирифтааст, ки таи ин рӯзҳо варақаҳои иттиллотӣ миёни сокинон оид ба ташфиқи синамаконӣ тақсим намояд. Инчунин гузаронидани викторинаҳо байни модарон ва аҳамияти шири модар дар назар гирифта шудааст.