13 ноябр- Рўзи байналмилалии нобиноён

13 ноябр- Рўзи байналмилалии нобиноён
Ноябр 13
12:59 2018

Ҳамасола 13-уми ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 ин санаро ба ёдбуди  асосгузори аввалин мактаби маъюбону нобиноён дар ҷаҳон Валентин Гаюи бахшидааст.

Бар асоси иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, айни ҳол дар саросари  ҷаҳон бештар  аз 1,3 млрд. нафар бо ҳар гуна оризаҳо қувваи босираашон суст буда,  аз ин шумора  36 млн. нафараш  пурра нобино мебошанд.

Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифати нобиноён ва қувваи босираашон суст корҳои зиёде ба сомон расонидааст. Аз ҷумла соли 2010 «Қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбон», соли 2016 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбонро барои солҳои 2017-2020», соли 2018  «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро доир ба ҳуқуқи маъюбон» ва  «Шартномаи байналмилалии Марокаш»-ро  соли 2018 доир ба баланд бардоштани вазъи маълумотнокии нобиноён ба тасвиб расонида, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон суст ҳама шароиту имконотро муҳайё месозад

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни  Тоҷикистон» (ИМНТ) фаъолият менамояд, ки ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбони чашм, иштирок дар муайянсозӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба нобиноён, мусоидат ва татбиқи ваколатҳои давлатӣ дар офатҳои тиббӣ, касбӣ, иҷтимоӣ ва муттаҳидкунӣ, ҷалби онҳо ба меҳнат, маълумот, фарҳанг ва варзиш, беҳтар намудани шароити моддӣ-маишии онҳо мебошад.

Ҳоло дар назди ин Иттиҳодия  11 филиал ва 8 намояндагӣ  фаъолият доранд, ки бештар аз 8 ҳазору 832 нафар маъюби нобино ва қувваи босираашон суст, инчунин 2 ҳазору 899 нафар кӯдакони аз 7 то 16-соларо муттаҳид месозанд.

Қобили қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 1 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор амал мекард. То соли 2004 шумораи мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино дар ҷумҳурї ба 4 адад расонида шуда, айни ҳол бештар аз 70 нафар маъюбони нобино дар донишгоҳ ва коллеҷҳои мамлакат таҳсил менамоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 703
  • 1,103
  • 947,441