1890 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд

1890 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд
Март 18
16:39 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар баробари шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамзамон, шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Франсия, Испания, Шветсия, Швейтсария, Британияи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бевосита ва тавассути дигар давлатҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Муддати ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз кишварҳои номбурда ба Тоҷикистон воридшуда 14 рӯзро дарбар мегирад.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1  феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 733
  • 1,103
  • 947,471