Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 4 майи соли 2020 дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор доранд.
Дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.
Ҳамзамон, вазорат иттилоъ медиҳад, ки то то соати 16:30 дақиқаи санаи мазкур дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардидааст.
Ҳамзамон, то имрӯз, 4 майи соли равон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат мушоҳида гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.