Дар маркази таълимӣ-илмӣ ва клиникии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо донишҷӯёни курси 3-юм корҳои фаҳмондадиҳӣ – машваратӣ бо иштироки проректори корҳои таълимӣ, доктори илми тиб Ибодзода С.Т. оид ба риояи дурусти пушидани ниқоб ва гигиенаи шахсӣ дар давраи пандемияи COVID-19 гузаронида шуд.
Зикр гардид, ки дар ҳоле як қатор давлатҳои дунёро мавҷи дуюми хуруҷи бемории коронавирус фаро гирифтааст, донишҷӯени моро зарур аст, ки дар риоя намудани тамоми талаботҳои санитарӣ ва гигиенӣ шахсию ҷамъиятӣ пешсаф будаву дар ташвиқу тарғиби риояи ин талаботҳо дар кучаву бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар солимии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Таъкид гардид, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намояд. Ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.
Дар анҷоми ҷаласа донишҷӯён ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.