25 апрел – Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа

25 апрел – Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа
Апрел 25
11:37 2018

Ҳар сол,  санаи 25 апрел   ҷомеа ҷаҳонӣ  Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷаро қайд мекунад.   Қарор роҷеъ ба эъломи ин рўз, дар ҷаласаи 60-умини ТУТ, моҳи маи соли 2007 қабул гардид.  Яъне, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид бар он доштанд, ки   тадбирҳо  бар зидди  вараҷа хеле муҳиму заруранд. Бинобар ин дар сатҳи байналмилалӣ бояд пурсамар ва бо эҳсосоти масъулияти баланд амалӣ гарданд. Имсол, ин сана дар саросари олам  таҳти шиори «Омодагӣ барои ғолиб шудан ба бемории вараҷа» мегузарад.

 Бемории вараҷа аз давраҳои қадим то ба имрўз  ба мо омада расидааст. Ҳиппократ,   бо номи «табларзаи ботлоқӣ», аз он  ҳанўз солҳои (430-377 то милод)  ёддовар мешавад.

Ҳоло бемории вараҷа барои соҳаи нигаҳдории тандурустии бисёре аз кишварҳои сайёра мушкили мубрам боқӣ мемонад. Шумораи гирифторон ба бемории вараҷа дар дунё, аз рўи баҳодиҳии коршиносони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, соле дар ҳудуди  200 – 300 миллион нафар аст.  Сатҳи баланди беморӣ ва фавт дар натиҷаи ин беморӣ, тибқи маълумоти ТУТ, то ҳанўз дар кишварҳои қитъаҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ,  вуҷуд дорад. Ҳар як 30 сония дар олам як нафар кўдак аз касофатии ин беморӣ ҷон аз даст медиҳад.

Агар  имрўз ба вазъи паҳншавӣ ва дараҷаи гирифтории аҳолӣ ба бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ баҳогузорӣ намоем, ё худ натиҷаҳои ҳосилшударо дар ин самт ҷамъбаст созем, онро хеле хуб дармеёбем. Ин комьёбиҳо қабл аз ҳама дар натиҷаи  дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хамчунин тадбиқи муассири Барномаҳои миллии мубориза бо бемории вараҷа ба даст омад. Хазинаи глобалии СММ дар ҷавоб ба муроҷиати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии молиявии барномахои зидди бемории вараҷа  ҳусни ҳамрайъӣ нишон дод.  Иҷрои барномаҳои мазкур бо муваффақ буд,  ҳадафҳое, ки иҷрои онҳо ба нақша гирифта шуда буд, амалӣ гардид.

Ҳамаи чораҷўиҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ чӣ аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ ва тадбирҳое, ки кунун тадбиқи онҳо ҷараён доранд, намоёнгари он падидаанд, ки бемории вараҷа ба нестӣ омада расид.

Агар  мо  чораандешиҳои фаъолу фавриро барои пешгирии вараҷа идома надиҳем, хавфи  афзоиши шумораи беморон ва вусъати доираи паҳншавии вараҷа метавонад дубора авҷ гирад.

Воқеан, имрўз вазъ нисбати бемории вараҷа танзимшаванда аст, аммо сарҳади тўлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон ҳамоно боиси нигаронист. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  беш аз 1344 км сарҳади давлатӣ дорад.   Вазъияти  пурхавфи сироят бар вараҷа дар ин кишвари ҳамсоя ҳамоно пурхавф асту фазои  сиёсиаш ноором.  Аз ин рў,  зарурати ба миён омадани муҳоҷирати аҳолӣ ба диёри мо, ва ҳамзамон имкони интиқоли вараҷа аз он кишвар, чун  масъалаи доғ  боқӣ мемонад. Бо назардошти ин вазъият ниҳодҳои масъули мо  бояд ҳамеша тайёр бошанд, то авҷгирӣ ва паҳншавии бемории вараҷаро тавононанд ба зудӣ пешгирӣ намоянд.   

Дар арафаи чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа   бо иштироки кормандони «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», дар хонаи Радиои Тоҷикистон, муддати як соат барномаи мустақим – мизи мудаввар  доир гардид. Мутахассисон роҷеъ ба бемории вараҷа нишонаҳои он,  роҳҳои  пешгирӣ аз вараҷа маслиҳатҳо доданд.  Имрўз, яъне 25 апрел   Мудири шуъбаи энтомологии ҳамин марказ тавассути радиои “Ховар” оид ба вазъи бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ, муваффақиятҳо  ва проблемаҳои соҳа  маълумот  ироа  кард.  Радиои вилояти Хатлон ва радиои вилояти Суғд  аз тарзи  гузаронидани  “Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа”    дар ноҳияҳои худ гузоришҳо доданд.  Телевизиони “ Ҷаҳоннамо” аз ноҳияи Дарвоз  дар робита бо ин рўз барномаи махсус таҳия намуд.   Ҳамкасбони онҳо аз телевизиони вилояти Суғд ва телевизиони вилояти Хатлон, телевизиони “Танин”- и шаҳри Хуҷанд низ аз намоиши гузоришҳо,  роҷеъ ба ин сана ,  дар канор намонданд. Мавзуи диктанте, ки муаллимони мактабҳои миёнаи шаҳри  Панҷакент  аз хонандагони худ гирифтанд,  “Бемории вараҷа” буд.   Дар чандин  Марказҳои саломатии  ноҳияҳои  дурдасти Ҷумҳурӣ  маҳфилҳои саволу ҷавоб оид ба бемории вараҷа, озмун ва аксияҳо гузашт.  Рўзномаи “Ҷумҳурият”   перомуни вазъи  пешгирии вараҷа  дар Тоҷикистон  бо директори  «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», мусоҳибаеро дар саҳифаи худ ҷой дод.  Корманди  Марказ дар  рўзномаи Шифо андешаҳои худро  дар мақолае бо номи   “Аз вараҷа эҳтиёт бошед” ба қалам дод.

25- апрел, Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа,  мутахассисони Марказ ба ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ноҳияи Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун ва Дўстӣ сафар намуданд.  Кормандон, дар ҳамкорӣ бо  ҳамкасбони  худ аз идораҳои «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и ин ноҳияҳо,    бо аҳолӣ вохўриҳо доштанд.  Роҷеъ ба  роҳҳои пешгирӣ аз бемории вараҷа, ба сокинони ноҳияҳои сарҳадӣ,  маслиҳатҳо пешкаш гардид.   Ба шаҳрвандон, варақаҳо, овезаҳо, буклет ва баннерҳои ранга, тақсим карда шуд.  Боиси хурсандист, ки дар ин маъракаи муҳим хизматчиёни Қушунҳои сарҳадӣ, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хеле фаъол буданд. Дар Маркази милии ташхиси пойтахт, шаҳрҳои  Бохтару Хуҷанд низ дар робита ба ин рўз чорабиниҳо доир гашт.

«Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 29
  • 1,040
  • 947,807