Созишномаҳои грантӣ ба тасвиб расиданд

Созишномаҳои грантӣ ба тасвиб расиданд
Январ 28
13:35 2021

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Созишномаи мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷид,   вакилони мардумӣ Гиёзода Азиз, Азимзода Толибхон муаррифӣ намуданд.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ), ки      16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бинобар маҳдуд будани маблағҳои буҷетӣ, Бонки Умумиҷаҳонӣ дар асоси арзёбии натиҷаҳои лоиҳа ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои лоиҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории дуюми иловагӣ дар шакли пурра грантӣ мувофиқи мақсад шуморид.

Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои лоиҳаи мазкур 2 000 000 доллари ИМА аз ҳисоби гранти GAVI (Алянси глобалии ваксинаҳо ва эмгузаронӣ)  таъмин мегардад.

Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз лоиҳаҳои амалкунанда ва афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид карда шудааст, ки анҷоми он соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Созишномаи мазкур ҳаммаблағгузории Созишномаи грантии D574-TJ буда, ду қисмати аввали (якум ва дуюм)-и лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-ро маблағгузорӣ менамояд.

Қисмати якуми он «Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад. Дар доираи қисмати мазкур татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МНФ) дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, ҶалолиддиниБалхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, ҶабборРасулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ дар соли 2021 банақша гирифта шудааст.

Қисмати дуюми Лоиҳа ин пурзӯркунии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, дар доираи ин қисмат, аз ҳисоби маблағгузории дуюми иловагӣ, дастгирии омӯзиши дусолаи мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ (ординатураи клиникӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 235
  • 1,263
  • 841,984