Апрел 04
12:21
2020
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 4 апрели соли равон 6468 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 3292 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3176 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 4 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.